Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад…

Дӯст доштани Ватан, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ намудани иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти имонии ҳар фарди солимфикр аст, ки пешрафт ва амнияту субот дар Тоҷикистонро мехоҳад.
Имрӯз дар назди сокинони кишвари азизамон масъалаву вазифаҳои муҳиме истодаанд, ки ҳаллу фасли онҳо аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дониши баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳтирому садоқат ба давлату миллат ва ҳисси ифтихор аз Ватану ватандориро талаб менамояд. Ин ҳам бошад пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу равияҳои ифротии тафриқаандоз, барҳам задании тақлидкории занону духтарон ба либоси ғайримиллӣ ва пос доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин замина пешгирӣ аз кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок дар маҳалҳо вохӯрӣ доир намуда, дар баробари расонидани маълумот оиди вазъи криминогении минтақа шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ ва иштирок дар чорабиниҳои солимгардонии ҷомеа даъват менамояд.

Ҳамингуна як мулоқоти маърифатии сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р., бо зиёда аз 400 нафар сокинони ноҳияи Спитамен дар «Қасри фарҳанг»-и ноҳия бо иштироки доираи васеъи сокинони касбу кори гуногун баргузор гардид. Пеш аз оғози мулоқот филми мустанади ҳадафи тарбиявӣ дошта, ки дар асоси далели парвандаҳои ҷиноятӣ таҳия гардида, аз оқибати гумроҳии ҳамватаннони мо гаравиш ба гурӯҳҳои террористӣ, нафарони қасди хиёнат дошта ва падидаҳои номатлубе ба мисли бегонапарастӣ қисса менамуд, манзур гардид.
Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим чорабиниро ифтитоҳ намуда, онро иқдоми созанда ва таъсиррасонанда дар тарбияи ҷомеа номид. Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун шохаи иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ аз ҳама имкониятҳо истифода менамояд то ин, ки дар саросари ҷумҳурӣ амнияту тартибот пойдор ва ангезаҳои ҷинояткорӣ решакан шавад, қайд намуд раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода А.Р.
Маърӯзаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд на танҳо масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ бо таҳлилҳои панҷсола, балки фарогири паҳлуҳои гуногуни ҳаёти воқеъиро дар бар мегирифт. Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар давраи ҳисоботӣ дар Спитамен нигаронкунанда арзёби гардид. Ҷинояти қаллобӣ аз дигар намуд ҷиноятҳо нисбатан зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2016 бо қиёс ба соли 2015 -12 ҳолати қаллобӣ зиёд содир шудааст, ки ба андозаи 100% болоравӣ дида мешавад.
Муноқишаҳои оилавӣ ва дар заминаи он содиршавии ҷиноятҳои вазнин, ҳолатҳои аз беназоратии волидайн ба каҷрафторӣ ва пайроҳаи ҷиноят пой ниҳодани ноболиғон, таъсири омилҳои манфии муҳоҷират, пайвастани баъзе сокинони вилоят ба гурӯҳҳои террористӣ, бегонапарастии занону духтарон, вазъи садаманокӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҳамчун мавзӯъҳои доғ ва истиробангез мавриди баррасию масъалагузории роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд қарор гирифт.
Қайд гардид, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо ибтикори мақомоти милитсия зиёда аз як сол аст, ки амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» доир карда мешавад. Фаъолияти дастаҷамъонаи якҷояи милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалиёти мазкур то андозае ба поён рафтани сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат намуд.
Дар рафти вохӯрӣ барои иштироки фаъолона ба сокинони ноҳияи Спитамен миннатдорӣ намуда, Шариф Назарзода бори дигар гурӯҳҳои корӣ ва вазифаҳои вогузоргардидаро шарҳ дод.

Ёдрас мешавем, ки 7 гурӯҳи корӣ дар амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» фаъолияти самаранок намуданд ва таҷрибаи амалиёти мазкур бо пешниҳоди Раёсат минбаъд мунтазам гузаронида мешавад.
Дар қисмати дуюми вохӯри байни иштирокчиён ва сардори Раёсат доир ба масъалаҳои мубрами рӯз мавзӯъҳои дар маъруза зикр гардида, суҳбати ошкоро ҷараён гирифта, фаъолон ба роҳбарияти мақомоти милитсияи вилоят таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд. «Ҷонибдорӣ аз иқдомҳое, ки ба солимии ҷомеа нигаронида шудааст, мақсади мост. Мо дар паҳлуи кармандони милитсия фаъолият хоҳем кард, то ин ки Ватанамон обод ва аз кирдорҳои ҷиноӣ эмин бошад», зикр доштанд сокинони ноҳияи Спитамен.
Мавриди қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо аз аҳамият холӣ набуда, робитаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳолиро таҳким бахшида, баҳри пешгирӣ аз ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад кард.
Акбар Шарифов, капитани милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика