Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуҷанд: Барррасии натиҷаҳои амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Маданияти шаҳрдорӣ»

Чи тавре қаблан иттило дода будем, роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда ва дар ин замина пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ силсилавохӯриҳои озоду ошкорои худро бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини дар таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор намуда истодааст.

Тибқи нақша ин маротиба вохӯрӣ ва мулоқоти озоду ошкорои сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мулоқоти мазкур дар толори «Кохи Рӯдакӣ» баргузор гарида, дар он масъулини бахшу хадамотҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои олии вилоят, директорони мактабҳо, намоянагони шӯроҳои уламо ва бибиотунҳо, афроди бонуфуз ва пирони рӯзгордидаи маҳаллаву кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ нахуст филми мустанади «Ворисони Аҳриман», ки аз ҷониби Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд омода шуда, аз ҳаёти талхи ҷавонони тоҷик, ки баъди пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиии ифротгаро дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд, ҳамчунин аз ҷараёни тафтиши парвандаҳоии ҷиноятии вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва бегонапарастии аъзоёни оилаи ин нафарон қисса менамуд, ба намоиш гузошта шуд.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз гардида, мавсуф аз рафти иҷроиши «Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017» ва корҳои ба анҷомрасонидаи мақомоти маҳаллли ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳарф зад.
Сипас сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар маърӯзаи таҳлилии хеш бо истифода аз фото-слайдҳо ва видео-слайдҳо мушкилоти ҷойдоштаи шаҳри Хуҷандро мавриди баррасӣ ва чораандешӣ қарор дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки новобаста аз кӯшишу талошҳои масъулини мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти дастаҷамъонаи бахшу воҳидҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони маҳал баҳри коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои истиробангезе ҷой доранд, ки ҳар яки моро бетараф гузошта наметавонад.

Вазъи содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини одамкушӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва дуздии амволи ғайр, ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, алалхусус дар ҳайати гурӯҳ, риоя нагардидани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ, оила ва шаҳрдорӣ, интизоми пасти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, тамоюли бегонапарастӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундрави ҷудоигаро, иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар, берун аз марзи шаҳр, вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ даст ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини раванди экстремистӣ - террористӣ, одамкушӣ, роҳзаниву ғоратгарӣ ва муомилоти ғаӣриқонунӣ бо маводи нашъадор задани сокинони шаҳри Хуҷанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани 110 нафар сокинони муқимии шаҳри Хуҷанд аз мавзӯҳои меҳварии вохӯрӣ ва мулоқоти Шариф Назарзода бо аҳолии шаҳри Хуҷандро ташкил менамуд.
Аз мавзӯъҳои дигари меҳварӣ, ки дар мулоқот мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд ин натиҷаҳои фаъолияти амалиёти маърифативу пешгирикунандаи “Маданияти шаҳрдорӣ” мебошад. Дар мулоқот таъкид гардид, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва дар доираи “Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016 - 2017” соли сипаришуда дар 2 марҳила ва соли ҷорӣ - дар арафаи таҷлили Иди байналмиллалии “Наврӯз” - аз 15 феврал то 15 март марҳилаи навбатии амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» гузаронида шуд.
Тавре таъкид гардид, барои босамар гузаронидани амалиёти мазкур бо ҷалби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, масъулини Раёсатҳо, Кумитаҳо ва Шӯъбаву бахшҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли зиё ва ҷамъиятчигӣ, фаъолони маҳал ва намояндагони васоити ахбори омма 7 гурӯҳҳои муштараки корӣ таъсис ва сафарбар карда шуданд.
Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-майори милитсия Шариф Назарзода иброз намуд, ки маҳз дар сатҳи баланди касбӣ ва бо сифати баланди хизматӣ ташкил намудани амалиёти профилактикиву маърифатии “Маданияти шаҳрдорӣ” буд, ки давоми 4 моҳи соли ҷорӣ вазъи ҷинояткорӣ тамоюли пастравӣ дошта, тамоми ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз қабили одамкушиву ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он нисбати ҳамин давраи соли гузашта хеле кам гардидааст.
Дар мулоқот аз кулли ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд даъват карда шуд, ки дар ҳамкорӣ ва якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва решакан намудани падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабили ҷинояткорӣ ва хурофотпарастӣ саҳми худро гузоранд ва барои солимии ҷомеа, ҳамчунин аз ҷиҳати маърифати ҳуқуқиву маданияти шаҳрдорӣ намунавӣ муаррифӣ намудани шаҳри Хуҷанд талош варзанд.
Дар қисмати муҳокимарониҳо раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, раиси Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд Мастура Темирова ва якчанд сокинони шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланд қарор доштани ҳамкории милития бо аҳолӣ, ташкили гурӯҳҳои фаъоли корӣ оид ба гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни ноболиғон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” таклифу пешниҳодҳо намуданд.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика