Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад!

Ҳамарӯза баҳри пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз барпо намудани ин гуна вохӯриҳо дар робитаи наздик қарор доштани омӯзгорону толибилмон бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буда, яке аз роҳҳои пешгирии сар задани ҷиноятҳо мебошад.
Чунин як вохӯрӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони бахши Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ҷавонони гурӯҳи "Авангард", волидону толибилмон ва устодон баргузор гардид.
Нахуст филми "Муноқишаи мактаббачагон дар ноҳияи Сино", ки аз тарафи Маркази матбуоти ВКД таҳия гардидааст, ба ҳозирин манзур гардонида шуд. Баъдан чорабиниро директори ин муассисаи таълимӣ Сафия Тешаева оғоз намуда, зикр сохт, ки мо, омӯзгорони ин муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳеҷ гоҳ мактаббачагони мо ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд.

Сардори бахши ХПҲНҶ-и ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, подполковники милитсия Рустам Холзода ҷиҳати иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва бо телефонҳои мобилӣ ба дарсҳо ҳозир нашудани толибилмон ва сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳудуди ноҳияи мазкур суханронӣ намуд. Ҳамчунин, номбурда афзуд, ки фарзанд мисли ниҳоле ҳаст, ки то ба камол расиданаш заҳмати доимиро аз волидонаш талаб менамояд. Мо, аҳли ҷомеа бояд ҳеҷ гоҳ нисбати насли наврас, ки ояндасози ҷомеа аст, бетарафӣ зоҳир нанамоем, чунки як беаҳамиятӣ нисбати рафтори беҷои фарзанд боиси сар задани ҷиноят мегардад.
Мо бояд дар якҷоягӣ барои роҳи дурустро интихоб намудани фарзандонамон тамоми чораҳои муассирро андешида, аз онҳо дар оянда роҳи дурахшонро интизор бошем.

Дар рафти ин вохӯрӣ муовини роҳбари гурӯҳи "Авангард" Фирӯз Қодиров дар бораи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ва муноқишаи мактаббачагоне, ки дар оғози соли равон дар ҳудуди ин ноҳия сар зада буд, баромад намуд. Ҳамчунин, дар рафти баромад номбурда қайд кард, ки мо, ҷавонон бояд кӯшиш намоем, ки ватанро аз ҳар гуна хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дорем.
Омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ аз вохӯрӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори хушнудӣ намуданд.
Тоҷиддин Латипов 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика