Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таассуроти мактаббачагон аз тамошои Қалъаи Ҳисор

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тайи солҳои охир ҷиҳати боз ҳам таҳким ёфтани ин робитаҳо як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар баробари пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни насли наврас, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тарғиби илмомӯзиву ватандӯстӣ ва ба корҳои манфиатовар ҷалб намудани ноболиғону ҷавонон, инчунин бо ташаббуси хадамоту бахшҳои масъули мақомоти корҳои дохилӣ, бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии мактаббачагон ва шиносоии онҳо бо ҷойҳои таърихиву фарҳангии кишвар, чанд рӯз пеш як гурӯҳ хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор сафар карданд.

Зимни боздиди ин гурӯҳи муҳассилини мактаб аз ин макони тамошобоб, ки бо иқдоми бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сурат гирифт, мактаббачагон бо таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ошно шуда, боз як бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки миллати мо дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо бозёфту осори нодири худ дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим бозидааст.

Мактаббачагон ҳангоми тамошои ин макони сайёҳиву таърихӣ, ки зери роҳбаладии масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино сурат гирифт, оид ба таърихи бунёди Қалъаи Ҳисор ва давраҳои гуногуни он маълумоти зарурӣ пайдо намуданд. Тамошои ин мавзеи таърихии кишвар ба хонандагони мактаб таассуроти зиёд бахшид.
Баргузории ин гуна ташаббусҳои наҷиб дар байни ноболиғону ҷавонон ба илмомӯзиву донишандӯзии онҳо таъсири мусбат расонида, боиси васеъ гардидани ҷаҳонбинии насли наврас мешавад. Аз ин рӯ, Вазорати корҳои дохилӣ минбаъд низ чунин корҳоро идома дода, бо ин роҳ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон саҳм мегузорад.
Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ, капитани милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика