Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат

Имрӯз (28.04.с.2017), дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе» бахшида ба соли 2017 – «Соли ҷавонон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, ҳамоиш таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Нигора Шарипова, муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авандгард” Муродов Саидҷамол, аъзои фаъоли гурӯҳи “Авандгард” Давлатова Савринисо ва намоянди Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинова Б. ва намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Фирдавсӣ ширкат доштанд.
Ҳамоишро роҳбари муассисаи таълимӣ Зокирова З.С. ифтитоҳ намуда, дар хусуси иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани соли 2017 – “Соли ҷавонон” ва сазовори боварии Пешвои миллат будан суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2017 – “Соли ҷавонон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо на танҳо шодию фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст.
Баъдан лейтенанти калони милитсия Нигора Шарипова дар мавзӯи “Вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон”, муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авандгард” Муродов Саидҷамол оид ба “Саҳми ҷавонон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ”, раиси бонувон ва духтарони муассисаи таълимии мазкур Раҳмияи Саидамир дар мавзӯи “Бонувон аз нигоҳи Пешвои миллат” маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ манзури иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.
Гулмирзоева С.Қ., ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ.
Салимзода Б.Ҷ., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КМОД 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика