Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани «Беҳтарин нозири минтақавӣ» бахшида ба «Рӯзи пойтахт"

Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ ва робита бо ҷомеа дар шаҳри Душанбе, бо назардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳти №162 аз 12.04.с.2017 озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» ҷамъбаст гардид.

Тибқи қарори мазкур нозирони минтақавии зерин ғолибони озмун дониста шуданд:
- Неъматов Муҳаммадӣ Кароматуллоевич, капитани милитсия, нозири калони минтақаи хизматии маъмурии №11 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи якум;
- Эшмахмедов Фарҳод Рузиевич, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №27 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-2 дар ноҳияи Сино - ҷойи дуюм;
- Юсупов Муқимҷон, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №2 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи сеюм;

Ба ғолибони озмун бахшида ба «Рӯзи пойтахт» барои ҷойи аввал 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва ҷойи сеюм 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика