Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телефони боварӣ мададрасони шаҳрвандон

Натиҷагирии фаъолияти телефони боварии мақомоти корҳои дохилӣ дар моҳи январи соли 2017 нишон дод, ки 246 нафар шаҳрвандон тариқи телефони боварӣ муроҷиат намудаанд.
Давоми моҳи январ ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 165 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд 42 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон 35 нафар ва ба телефони боварии сардори РВКД дар ВМКБ 4 нафар муроҷиат намудаанд.
То охири моҳ аз муроҷиатҳо ба телефони боварӣ 39 муроҷиат тасдиқи худро ёфта, зимни санҷишҳо 88 муроҷиат тасдиқ нагардидааст ва санҷиши 119 муроҷиат идома доранд.
Дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳо ба телефони боварӣ аз ҷониби мақомотҳои салоҳиятдор 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Тавре муайян гардид, дар асоси муроҷиати шаҳрванд Шамсова Дилафрӯз аз 3 январи соли 2017 оиди ҳолати тасарруфи телефони мибилии тамғаи «Самсунг» бо арзиши 1000 сомонӣ аз ҷониби ШВКД-1 дар ноҳияи Сино парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 244 қисми 2 таҳти №96366 аз 05.12.с.2016, аз рӯи муроҷиати шаҳрванд Гулов Алӣ Гургакович аз 3 январи соли 2017 оиди ҳолати тасарруфи як адад компютери тамғаи «Ноутбук» Прокуратураи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 244 қисми 2 таҳти №18954 аз 28.12.с.2016, дар асоси муроҷиати шаҳрванд Боронов Муродалӣ Талабшоевич аз 8 январи соли 2017 оиди ҳолати тасарруфи 5590 сомонӣ ва як адад ангуштарини тиллоӣ бо арзиши 600 сомонӣ ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 244 қисми 3 таҳти №94158 аз 28.12.с.2016, дар асоси муроҷиати шаҳрванд Бобоҷонов Музаффар аз 23 январи соли 2017 оиди ҳолати тасарруфи се сар ҳайвони калони шохдор бо арзиши 30000 сомонӣ ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 244 қисми 2 таҳти №5516 аз 25 январи соли 2017 ва дар асоси муроҷиати шаҳрванд Раҳматуллоев Сафаралӣ Бобоевич аз 4 январи соли 2017 оиди ҳолати тасарруфи тилловорӣ бо арзиши 5000 сомонӣ Прокуратураи ноҳияи Муъминобод парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 244 қисми 3 таҳти №18712 аз 20.09.с.2016 оғоз намудаанд ва тафтишоти ҳамаи парвандаҳои ҷиноятии дар боло номбаршуда идома доранд.
Дар рафти таҳлили маълумотҳои телефони боварӣ муайян гардид, ки аз 246 муроҷиат, 52 муроҷиат оиди ҳолатҳои содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 96 муроҷиат оиди содиршавии ҷиноятҳо ва 98 муроҷиат оиди дигар ҳолатҳоро ташкил додааст.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ соли равон тамоми тадбирҳои қонуниро андешида истодаанд, ки талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон босифат иҷро гардида, онҳо пурра ба қайд гирифта шуда, ҳаматарафа ва комилан санҷида шаванд ва аз рӯи ҳар кадоми онҳо қарори қонунӣ қабул карда шавад, то ки эътимоди мардум ба милитсия боз ҳам афзояд.
Ғуломов Қудратулло Ҷанатуллоевич, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика