Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАНГИ ИРОҚУ СУРИЯ: Роҳ ба сӯи ҷаннат ё ҷаҳаннам?

Маълумотҳои фаврӣ: То имрӯз дар ҷанги шаҳрвандии қаламрави Ироқ ва Сурия, ё ба истилоҳ "ҷиҳод" зиёда аз 70 нафар ҷавонони тоҷик, ки узвияти созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро пазируфта буданд, кушта шуданд. 

Ҷасадҳои беному бесоҳиб, пораҳои парокандаи гӯшту устухони бӯйнок ва кирмзада, ки аксаран тӯъмаи ҳайвонот ва парандагони лошахӯр мебошанд: ин аст он "меросе", ки ин ҷангиёни кушташудаи тоҷик дар қаламрави Сурия ва Ироқ аз худ боқӣ гузоштанд. Ин ҷасадҳои лахт-лахтшуда гӯр надоранд ва ҳеҷ умеде нест, ки ақаллан гарде аз хоки онҳо рӯзе ба замини муқаддаси Ватан бипайвандад. Болои ҷасади хуншору порашудаи ин гумроҳон касе намегиряд ва агар онҳо гӯре ҳам доранд, ба хокҷойи онҳо, ки аксаран хуфтаи он номаълум мондааст, ҳеҷ нафаре аз наздикону пайвандон, модарони зору падарони низор ва фарзандони ятиммондаашон дастрасӣ надоранд ва намеоянд.
Иштирок дар ҷанги Ироқу Шом фарз аст ё ҷиноят?
Имрӯз рӯҳониёни барӯманди Тоҷикистон андешаи худро оид ба моҳияти ҷанги Ироқ ва Сурия иброз доштаанд ва ҳама дар як қароранд, ки ин ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кори хадамоти махсуси давлатҳои Ғарб буда, ба ҷиҳод қаробате надорад. Ҳукумати Тоҷикистон ва уламои ислом ҷидоли дохилии ин давлатҳои мусалмоннишинро маҳкум намуда, ҳама гуна мудохиларо ба сиёсати дохилии ин кишварҳо ва алалхусус, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи ин давлатҳо қатъиян манъ менамоянд.

Муҷоҳиди ҷанги таҳмилии Ироқу Сурия қотил ё худкуш?

Чаро ба ин маънӣ савол гузошта шуд? Чунки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо (моддаи 4011-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гувоҳи он аст, ки муҷоҳиде, ки ба ҷанги Сурия ва Ироқ меравад, ба қатли дигарон ва марги худ баробар омода аст.
Қувваҳое, ки чунин муҷоҳидонро ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ба Афғонистон, Ироқ ва Сурия мебаранд, ба маҷоз ба шуур ва мағзи сари чунин афрод ваксинаи психологие ворид месозанд, ки онҳоро ба зомби, яъне махлуқи итоаткор ва фармонбар табдил медиҳад. Аксаран ҳадафи таъсиррасонии равонӣ нафарони сустирода, зудбовар ва аз ҷиҳати динӣ камсавод интихоб карда мешаванд. Нафарони мувоҷеҳи чунин таъсиррасонӣ қароргирифта омодаанд, ки аз ҳама неъматҳои дунёӣ рӯй тофта, маргро хуш истиқбол намоянд. Ҷалбкунандагони онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳонаро, ки дар заминаи ихтилофоти сиёсӣ ва динию мазҳабӣ ҷой доранд, чун ҷиҳод маънидод карда, ҳамарӯза нафарони зиёдро ба коми ин ҷанг мекашанд.
Чанде пеш дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ як нафар хонандаи синфи 9-уми яке аз мактабҳои ноҳияи тобеи марказ муайян ва боздошт гардид. Маълум шуд, ки номбурда муддати 6 моҳ инҷониб бо ҷангиёни Ироқу Шом дар робитаи интернетӣ қарор дошта, бо онҳо сӯҳбатҳои дорои мазмуни террористӣ мебурдааст. Сӯҳбати равоншинос ва кормандони масъули мақомоти прокуратура бо ин наврас нишон дод, ки ӯ ягон муқаррароти диниро ба таври дуруст намедонад ва иҷро ҳам намекунад, иттилооти диние, ки ӯ аз Шабакаи ҷаҳонии Интернет ба даст овардааст, аксаран таҳрифшуда ва дорои мазмуни экстремистӣ-террористӣ мебошанд. Дар аввали сӯҳбат ӯ изҳор намуд, ки омода аст дар ин ҷанг иштирок намуда, қурбон шавад, вале пас аз як соати сӯҳбат, алалхусус баъд аз он ки мутахассисон даҳшати ин ҷанг, аз ҷумла кушта шудани ҳазорон нафар тифлакони маъсумро дар назари ин ноболиғ тасвир намуданд, ин хонандаи мактаб ботил будани ақидаҳояшро дарк ва изҳори пушаймонӣ намуд. Ин насли наврасону ҷавонон даҳшати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар аввали солҳои навадум надидаанд ва оқибатҳои фалокатбори онро намедонанд. Онҳо аксаран ҷанги воқеиро аз ҷанге, ки дар тифлӣ бо истифода аз силоҳи бозичагӣ бо ҳамсолонашон мекарданд, фарқ намекунанд. Аз ин рӯ, бояд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маводҳои телевизионӣ марбут ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз хазинаи телевизиони кишвар дастрас карда шуда, ҳангоми вохӯрию сӯҳбатҳо бо ноболиғону ҷавонон ба онҳо намоиш дода шавад, то ин ки онҳо бо мушоҳидаи оқибатҳои хунбори ҷанг дигар андешаи ботилеро дар ин хусус ба сар роҳ надиҳанд.
Имрӯз шахсони барӯманди диниро мебояд ба ин савол ҷавоб ҷуст, ки оё амали ҷангиёне, ки дидаю дониста, ба қатли ҳамдинони худ ё шахсони дигар аз рӯйи ихтилофҳои мазҳабӣ рӯй меоранд ва ин амалҳои худро бо шиори ҷиҳод рӯйпӯш менамоянд, оё ҳамон одамкушӣ нест, ки Қуръон маҳкум намудааст? Дар ояти 33-юми сураи Исро омадааст: Ва-ло тақтулун-нафсал-лати ҳарамал-лоҳу илло бил ҳаққи". Яъне, макушед нафсеро (ҷонеро), ки ҳаром сохтааст Худо. Яъне, Худованд дар Қуръони карим аз ҳаёт маҳрум намудани шахси дигарро манъ ва маҳкум кардааст.
Оё дидаю дониста, худро ба коми ҷанг ва марги муфоҷо андохтан ҳамон худкушӣ нест, ки ислом онро аз гуноҳони кабира медонад. Дар ояти 29-уми сураи Нисо омадааст: "Вало тақтулу - анфусакум инналлоҳ кона бикум раҳиман". Дар ояти мазкур Худованд мефармояд, ки инсонҳо якдигарро накушанд. Олимони ислом бар онанд, ки аз рӯйи мазмуни ин оят, ҳар гуноҳе, ки мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, шомили худкушӣ низ мешавад. Аз ин бармеояд, ки худкушӣ ба одамкушӣ баробар карда шудааст.
Дар ояти 195-уми сураи Бақара бошад, Худованд фармудааст, ки "маяндозед худро ба ҳалокат". Ин талабот ба нафароне, ки бо роҳҳои гуногун даст ба худкушӣ мезананд, низ мутааллиқ аст. Ва яке аз роҳҳои худкушӣ, ин дидаю дониста худро ба оташи ҷанг андохтан мебошад.
Аммо, бояд донист, ки ҷавони тоҷик, ки роҳи "ҷиҳод"-ро пеш мегирад, дар як рӯз пайдо намешавад. Ӯ оҳиста-оҳиста ташаккул меёбад, вале аксаран одамон амалҳои ибтидоии ӯро намебинанд, ё онро саҳл мепиндоранд.

Оё Шумо манзараи зеринро мушоҳида накардаед?

Шахсе, ки умре тарзи ҳаёти дунявӣ мебурд ва дар хизмати халқу Ватан сарсупурдаву ҷоннисор буд, ногоҳ таҳти таъсири гуфтаҳои ин ё он шахсият ба зуҳуроти ҷомеа баҳои дигархелтар медодагӣ мешавад, баъзан фарзандонаш ҳам аз насиҳатҳои лозиму нолозими ӯ дилгир мегарданд. Рафтору гуфтори ӯ аллакай омиёна нест, афкори вай одатан ба шунидаҳояш банд аст. Албатта, эътиқоди динӣ хуб аст, вале агар созанда бошад, на сӯзанда. Лекин вақте нафаре умре бо олитарин арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карда, ногаҳон таҳти таъсири гуфтаҳои ин ё он шахсияте ба хулосае меояд, ки роҳи ҳаётии ӯ ғалат будааст, бешак акнун ғалат мекунад.

Бародари ҳамон хонандаи мактаб, ки зикраш дар боло гузашт, изҳор менамояд, ки шаш моҳи охир додари ӯ хаёлӣ, асабӣ ва гапногир шуда буд. Маҳз ҳамон рӯзҳо бояд наздикони ин хонанда бонги хатар мезаданд.
Имрӯз фазои иттилоотии кишвар пур аз вожаҳои "Шайх"-у "Пир"-у "Мурид" шудааст. Ин вожаҳое буданд, ки ба андешаи олимони забоншинос, чун калимаҳои архаистӣ ё дар истифодаи ғайрифаъол қарордошта, дар муошират мавҷуд набуданд. Сабаби гирифтори мазаммати мардум ва кишани қонун шудани баъзе аз чунин "пешвоён"-и рӯҳонӣ маҳз зиёдаравӣ ва дур шудан аз таълимоти исломи ноб аст. Нафаре байни мардум зиноро маҳкум намуда, худ зино мекунад. Нафари дигар хурофотпарастиро заъфи имон дониста, худ бо рағбати тамом хурофоти шахсони гумроҳшударо, ки шахсияти ӯро мепарастанд, қабул дорад.
Бо Қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи як даҳсолаи охир фаъолияти даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ манъ карда шуданд. Аммо, ин ҳанӯз нисфи кор аст.
Мо мушоҳида мекунем, ки ин ё он ҳизбу ҷунбишҳои ғайриқонунӣ муддати муайян фаъолият мекунанд, дар атрофи худ пайравонашонро ҷамъ меоранд ва танҳо баъд аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чун экстремистиву террористӣ айният кунонида мешаванд. Чунин таъхир дар шинохти "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва "Салафия" низ ҷой дошт. Дер шинохтани моҳияти ифротгароёнаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо муқовимат ва мубориза бо онҳоро мушкилтар мегардонад.
Мо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд аз навовариҳои илмиву техникӣ, аз ҷумла техникаи компютерӣ ва имкониятҳои Шабакаи ҷаҳо¬нии Интернет мутталеъ ва бо донишҳои диниву дунявии зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ мусаллаҳ бошем, дар тан ҷавшани имону ватандӯстӣ ва дар дил муҳаббат ба миллату эҳсоси оштинопазирӣ бо ҷинояту ҷинояткорӣ дошта бошем, вагарна ҳама муборизаи мо бо ин ҷиноятҳои фаромиллӣ барабас аст. Агар мо дар ҳамдастӣ бо намояндагони исломи ноб афкори аҳолиро аз хурофот, аз шахспарастии динӣ ва ҳар гуна бидъатҳои дигар тоза накунем, ҷойи як шайхро шайхи дигар ишғол мекунанд.
Боз нафароне пайдо мешаванд, ки хурофотзадагонро дубораву даҳбора афсун намуда, пайи иҷрои талаботи нафсонии худ водор менамоянд. Ва ин шахсон хизмат ба Худоро дар хизмат ба ин ё он шахсияти динӣ мебинанд. Боз садоҳо баланд мешавад, ки бояд чунину чунон бошад ва ҳаркӣ чунин мекунад, ё чунин намекунад, кофир аст. Ва пайравони сеҳрзада омодаи ҳар як фармоиши чунин пешвоёни ғайрирасмӣ мешаванд. Маҳз чунин афсунгаштагонро ба ҷиҳод дар Сурияву Ироқ, ба ҳар гуна юришу шӯриш даъват кардан аз ҳама осонтар аст. Маҳз зиёда аз 70 нафар чунин сеҳргаштагони тоҷик дар хоки Ироқу Шом бо шиками даридаву синаи таркида ба хоки абадӣ рафтаанд ва мутаассифона, рӯйхати чунин қурбониён идома дорад.
Дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳар лаҳза ғанимат аст. Имрӯз бояд ин зуҳуроти ғайридиниву ғайриахлоқӣ ва зиддиинсониро саркӯб намуд, зеро фардо дер хоҳад шуд.
Фаррух РАУФОВ, муовини сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии ҶТ
Зулфия ИБРАГИМОВА, прокурори калони ҳамин Раёсати Прокуратураи генералии ҶТ


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика