Ҷаҳони муосир пур аз ихтилофоти гурӯҳӣ буда, рақобат, хусумат ва кинаангезӣ миёни ақидаҳо инсониятро торафт бештар ба мушкилот мувоҷеҳ сохта истодааст. Дар миёни ин ҳама хушунатҳои қавмӣ амалҳои террористӣ, иғвоангезӣ ва ифротгароӣ бештар мавқеъ пайдо намуда, ба як ангезаи глобалӣ табдил гаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки хушунату ифрот ҳамчун зуҳуроти зишт бештар ба ҷавонону наврасон таъсир расонида, тавассути онҳо амалҳои харобкунанда ба роҳ монда мешавад.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуму конференсияҳои байналхалқӣ баромад карда, фитнаву дасисаи бадномкунандагони исломро борҳо таъкид менамояд, ки "Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст".
Идеологҳои Fарб, хусусан давлатҳои муқтадир, дар созмонҳои сиёсиву ҳарбӣ муттаҳид гардида, нияту ақидаҳои муғризонаи хешро пардапӯшона тарҳрезӣ намуда ва онҳоро дар давлатҳои Шарқ бо дасти баъзе гурӯҳҳои ба ин давлатҳо кинаовар амалӣ менамоянд. Бо ин восита, сабабу заминаи рӯй додани ҳама гуна амалҳои харобиовар, аз ҷумла терроризму гаравгонгирӣ ва дигар амалҳои ифротгароиро ба дини ислом бор намуда, аҳли оламро ба муқобили ислом ва мусулмонон мешӯронанд. Ин аст, ки тайи ду-се даҳсолаи охир дар давлатҳои исломӣ гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ, амалҳои харобкунӣ, гаравгонгирии одамон бештар рӯй дода, низоъҳои қавмию мазҳабӣ авҷ гирифта истодаанд.
Ҳақ ба ҷониби сиёсатшинос С. Ятимов аст, ки дар мақолаи худ "Идеология ва манфиати миллӣ" навиштааст: "Таърих ва рӯйдодҳои замони муосир собит менамояд, ки субъектҳои сиёсие, ки барои расидан ба ҳокимият талош меварзанд, пеш аз ҳама амбитсияҳои шахсии худро ба ҳайси фарзияҳои идеологӣ нишон медиҳанд".
Воқеан ҷавҳари асосии ислом таълим, инсоф, адолату эътидол аст, ки инсонҳоро бародари ҳам, махлуқ ва офаридаи офаридгор дониста, ростию растагорӣ, оромию осоиш ва сабру таҳаммулро талқин менамояд. Дар ҳамин замина, Президенти мамлакат борҳо таъкид доштанд, ки яке аз амалҳои асосии паҳншавии ифротгароӣ надонистани дину мазҳаб ва таърихи миллати худ аст… Ин андешаҳо бамавриданд, зеро имрӯзҳо аз як тараф агар хатару таҳдидҳои номатлубе чун терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон инсониятро таҳдид созанд, аз сӯйи дигар дар ниқоби ҷиҳоду савоб дар чанде аз нуқтаи олам амалҳои ҷангӣ идома ёфта, ҷавонони дигар кишварҳо ба он кашида мешаванд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик низ ба гирдоби ин фитнаҳо гирифтор шуда, онро гӯё "кори савоб ва фармудаи ҳақ" медонанд.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар амалиётҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ иштирок доранд. Ҳатто таассуфовар аст, ки чанд тани онҳо дар набардҳои бо ном ҷиҳодӣ ҳалок гардиданд, ҳол он ки падару модарашон гумон доштанд, ки онҳо дар муҳоҷирати меҳнатианд. Ё ба наздикӣ тавассути шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» навореро дидем, ки 10 нафар ҷавонони ноҳияи Спитамен ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ба узвияти иттиҳоди террористии "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" пайваста, пайрави таълимоте шудаанд, ки мақсади ниҳоияш бо роҳи зӯроварӣ ташкил намудани "Хилофати бузург" мебошад. Ҳарчанд қонунгузории кишварамон дар ҳудуди Тоҷикистон манъ кардани фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ чун "Ал-қоида", "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" ва ғайраро эълон карда бошад ҳам, вале гаравидани баъзе ҷавонон ба онҳо хушдор медиҳад, ки мо, падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчии кишвар нисбат ба тамоюлҳои нангин бетараф набошем.
Дар ин бобат, махсусан, бар тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои аслии дини ислом, махсусан мактаби ҳанафии он, ки бунёдгузораш фарзанди бузурги халқи тоҷик Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад, машғул гардида, асли ғоявии арзишҳои дини мубини исломро ба хотири пешгирӣ аз равандҳои номатлуби тундраво, бегонапарастӣ, ҳаракатҳои иртиҷоии хурофотпарастӣ ба онҳо фаҳмонем.
Бояд дониста бошем, ки бобову аҷдодони мо тӯли густариши ислом дар сарзамини худ пайрави мазҳаби Абуҳанифа буданд. Мазҳаби ҳанафӣ дар ҳама ҳолат миёнравию эҳтиёткориро пеша карда, буғзу кина, ҷабру ситам, зулму тааддиро ба касе раво надидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари худ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои босуботе табдил ёфтааст, ки беш аз 90 фоизи аҳолии он мусулмон буда, дар баробари дигар арзишҳои миллӣ ва динӣ ба дини мубини ислом ҳамчун падидаи фарҳангӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ арҷгузорӣ менамояд.
Роҳбарияти давлатамон мизони мувозинати одилонаи муносибати давлат ва динро дар партави нишондоди Қонуни асосии кишвар ба амал бароварда, ба он аз назари талаботи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муносибат менамоянд.
Чун ба замони Шӯравӣ назар андозем, мебинем, ки дину диндорӣ дар доираи ниҳоят маҳдуд мавҷуд буд ва аксари ҷашну маросимҳои динӣ мамнӯъ гардида буданд. Барои мисол, агар то даврони соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид бошад, имрӯз шумораашон аз 4 ҳазор гузаштааст. Дар ҷумҳуриамон 74 иттиҳодияи динӣ, як Донишкадаи давлатии исломӣ, Гимназия ва мадрасаҳои динӣ мавҷуданд. Китоби муқаддаси "Қуръон" чанд дафъа аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат ба забони тоҷикӣ нашр гардида, ройгон ба мардум тақдим карда шуд. Вале, набояд фаромӯш кард, ки арзишҳои ислом ба фарҳанг ва гузаштаи халқамон алоқаманд буда, як рукни муҳими арзишҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои динӣ, инчунин музаффариятҳои давлати демократии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ҳифз намоем.
Мо, мардуми сарбаланди тоҷик, бояд шукргузори он бошем, ки ҳамчун мардуми соҳибтамаддун, дорои ҳуввияту асолати таърихӣ буда, ҳатто дар густариши дини мубини ислом саҳми азим дорем. Ҷавонон ва наврасони мо набояд фирефтаи ташвиқу тарғиби аҷнабиён бобати гаравидан ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро шаванд. Онҳо бояд аз маърази дарки солим огоҳ гардонда шаванд, ки бузургони миллатамон - Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорӣ, Имоми Термизӣ, Муҳаммад Fаззолӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва даҳҳо дигарон дар густариш ва нигоҳдошти дини ислом хизматҳои назаррас дошта, аз офаридаҳояшон дар тавзеҳу ташреҳи калом ва аҳодиси набавӣ даҳҳо қавму миллатҳо манфиат ёфтаанд.
Ҳар як ҷавони солимфикр бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад. Бояд воқеъбинона дарк намояд, ки ҷавонӣ як бор насиби кас мегардад. Агар онро пайи омӯхтани илму ҳунар, кирдори нек ва хидмати халқ гузаронанд саодатест, вагарна умри зоеърафтаро баргардонида намешавад, ё дигар онро наёбӣ. Дар ин маънӣ Саноии Fазнавӣ хеле хуб гуфтааст:
Некӣ кун агар туро дастрас аст,
К-ин олам ёдгори бисёр кас аст.
Ҳодисаҳои хунину харобиоваре, ки солҳои охир дар шаҳри Беслани Доғистон, Грознии Чеченистон, нукоти мухталифи Афғонистону Покистон, Мисру Ироқ ва дигар гӯшаҳои олам рух медиҳанд, амалҳои нангине мебошанд, ки ба ҷуз даҳшату нифоқ ва нафрат дигар натиҷае намеоранд. Дар ҳамаи ин амалиётҳои нангин дасти ҷавонони сабукандеш дида мешаванд. Ва ахиран рӯйдоде, ки бо дастгирӣ ва кӯшиши баъзе бадномсозони ислом ба амал бароварда шуда ва ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, дар як қисми ҳудуди мамлакатҳои Ироқу Сурия ташкил дода шудани "Давлати Исломии Ироқу Шом" (бо номи ихтисории "ДИИШ") мебошад. Онро на чун давлати исломӣ, балки як гурӯҳи тундрав донистан лозим аст. Ин гурӯҳ ҳоло ба ҷамъ кардани ифротгароён аз дигар давлатҳои ноором машғул буда, дар сохти сиёсияш худро "Сохти хилофати воҳиди исломӣ" эълон карда ва Абубакри Бағдодӣ ном террористро роҳбар ва "Халифа"-и хеш эълон намудааст. Ин давлат, ки амалаш қатлу куштори дигар ақвоми ғайриараб мебошад, ният дорад, ки ба зудӣ ҳокимияташро дар қаламравҳои аз Испания то Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистон паҳн намояд. Идеологияи "ДИИШ" на барои пок нигаҳ доштани ислом, балки баҳри марому мақсади режими хуношом ба қатлу зулм асос ёфта, ба ислом иснод меорад. Аз ин рӯ, ҳамаи давлатҳои исломӣ сиёсати "ДИИШ"-ро маҳкум карда, азми нест намудани онро доранд.
Гаравиши ҷавонону наврасон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии ба дасисаи ифротгароён фирефташуда дар ин «мамлакати навпайдо» хеле афзудааст. Ҳатто як гурӯҳ ҷавонони тоҷикистонӣ низ фирефтаи идеологияи муғризонаи "ДИИШ"-иён гардида, ба шаъну эътибори миллати сулҳдӯст ва соҳибфарҳангу тамаддунофари мо иснод меоранд.
Дар чунин мавридҳо падару модарон худро маломат мекунанд, ки ба кирдори фарзандон мухолиф буда, аз гаравиши онҳо ба амалҳои ифротгароӣ хеле дер огаҳ шудаанд. Вале, ақли солим волидайнро ба сустии тарбияи оилавӣ ва ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста, аз огаҳ набудани онҳо дар эҳтироми падару модар мазаммат менамоянд. Дар намоиши телевизонии дар боло зикргардида сокинони ноҳияи Спитамен фарзандонашонро шадидан гунаҳкор дониста ва нафрат мехонданд. Хусусан, он ҳолат хеле ҳузнангез буд, ки волидайни ин ҷавонон кирдори фарзандони худро хилофи дину оин шуморида, гаравиши онҳоро ба ин амалҳои бегонапарастӣ маҳкум мекарданд. Аксари онҳо аз вазъи мусоиди озодии виҷдон, эътиқоду пайравӣ ба исломи воқеӣ дар мамлакат изҳори хушнудӣ менамуданд.
Мураттибони китоби "Ҷойгоҳи падару модар дар ислом" мисолҳои зиёдеро дар партави оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) овардаанд, ки моҳияташон некӯӣ ба падару модар дар паҳлӯи имон ба Худо ва тавҳиди ӯ қарор гирифта, носипосӣ ва беэҳтиромии волидайн дар сурати баъд аз ширк ба Худо, ки бузургтарину нобахшидатарини гуноҳ аст, қарор дорад. Чунончӣ, Расули Худо дар мавриди нороҳат ва ғамгин сохтани волидайн чӣ бо гуфтор ва чӣ бо кирдор, то онҷое ки боиси гиря ва ҳузнашон шавад, азимтарин гуноҳи фарзанд медонад.
Зимнан, чанде қабл ҳангоми ташрифаш яке аз чеҳраҳои намоёни ислом муосир, раиси Созмони ҷаҳонии "Васоят", сиёсатмадори давлати Қатар Абдулло Одил-ал Фалоҳ ба ҷавонони донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфт: "Эй наберагони нобиғаҳои нотакрори олам, ки дар фарҳангу тамаддуни ислом саҳмгузоранд! Имрӯз ҷаҳон аз Шумо интизори он аст, ки нақши тамаддунофарии худро дубора эҳё намуда, барои башарият хидмат кунед".
Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем.
Шарофиддин АСОМИДДИНЗОДА, мудири шӯъбаи маорифи н. Панҷ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>