Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кист дар паси дар? Акаи Экстремизм, Шумо-мӣ?

 

Агар чунин мебуд, чӣ хуб мебуд. Мехостед, даратонро мекушодед, намехостед, намекушодед ва чор тарафи меҳмони нохонда қибла мегуфтед. Аммо, дар воқеият ин гуна нест. Аксаран меҳмони номақбули маҷозӣ, чун экстремизм, бехабар ва на тавассути дар вориди хонаатон мешавад ва дар ин хона аз Шумо маскунтар мегардад. Шумо дар такя ба гуфтаҳои ин ё он шахсият ба зуҳуроти ҷомеа баҳои дигархелтар медодагӣ мешавед, баъзан фарзандонатон ҳам аз насиҳатҳои лозиму нолозими Шумо дилгир мегарданд. Рафтору гуфторатон аллакай омиёна нест, афкори Шумо одатан ба шунидаҳоятон банд аст. Эътиқоди динӣ хуб аст, агар созанда бошад, на сӯзанда.
Лекин вақте нафаре бо олитарин арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карда, ногаҳон таҳти таъсири гуфтаҳои ин ё он шахсият ба хулосае меояд, ки роҳи ҳаётии ӯ ғалат будааст, бешак акнун ғалат мекунад.
Имрӯз фазои иттилоотии кишвар пур аз вожаҳои "Шайх"-у "Пир"-у "Мурид" шудааст. Сабаби гирифтори мазаммати мардум ва кишани қонун шудани баъзе аз чунин "пешвоён"-и рӯҳонӣ маҳз зиёдаравӣ ва дур шудан аз таълимоти исломи ноб аст. Нафаре байни мардум зиноро маҳкум намуда, худ зино мекунад. Нафари дигар хурофотпарастиро заъфи имон дониста, худ бо рағбати тамом хурофоти шахсони гумроҳшударо, ки шахсияти ӯро мепарастанд, қабул дорад.
Ҳоло боз мӯди дигар пайдо шудааст. Нафаре дар маърака нишаста, бо баҳонае аз гузаштагони худ ёдовар мешавад ва бо ифтихор ва ғурури зиёд эълон мекунад, ки бобокалони ӯ дар замони амирӣ дар Бухоро амлокдор буд, ё доруға, қозӣ буд ё миршаб. Бобокалони нафари дигар бошад, босмачӣ будааст ва барои барқарор намудани давлати исломӣ ҷангидааст. Маълум мешавад, ки бобокалони инҳо чанд зан, садҳо гектар замин, молу мулк ва боғу роғ доштааст. Онҳо бо ифтихор мегӯянд ва шунавандагонашон бо даҳони нимвоз ва симои беҳаракат гӯш мекунанд. Ва дар фароварди сухан ин ворисон аз давлати шӯравӣ, аз он давлати бединон, ки бобокалонҳои онҳоро маҳкум ё бадарға намуда буд, шикоят мекунанд.
Шунавандагон хӯроки даҳонашонро хоида-хоида, бо аломати тасдиқ сар меҷунбонанд ва аз симои маҳзуни онҳо борони афсӯсу надомат меборад. Онҳо тасдиқ мекунанд, чунки ин сомеъон асарҳои устодон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва даҳҳо бузургони дигарро оид ба худсариҳо ва зулми хонадони манғития нахондаанд, онҳо "оре" мегӯянд, зеро онҳо аз ҷаҳолату ҷиноятҳои босмачиён чизе намедонанд ва "Одам дар халта"-и нависандаи шаҳир Ҳаким Каримро боре ҳам ба даст нагирифтаанд.
Бале, ҳеҷ кас инкор намекунад, ки давлати шӯравӣ дар охири мавҷудияташ гирифтори бӯҳрони шадиди маънавӣ шуда буд, аммо арзишҳои инсоние, ки дар ин давлат тарғиб мешуд, имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд ва дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар пироҳани тоза ҷилвагаранд. Арзишҳои шӯравии адолат, баробарӣ, ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, тарғиби илму дониш, имконияти аз рӯйи лаёқату қобилият дар зинаҳои хизматӣ сабзидан, покии ахлоқӣ, роҳ надодан ба порагирӣ ва даромади муфту ғайриқонунӣ ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд. Принсипҳои танқид, худтанқидкунӣ ва ошкорбаёнӣ, ки бозсозӣ пешниҳод намуда буд, имрӯз низ ба дарди ҷомеа мехӯранд.
Ҳамкори мо Саъдулло Қаюмзода дар "Маънизор"-и худ одилона қайд кардааст, ки "Агар шӯравӣ намебуд, садсолаҳои дигар дар зери юғи манғитӣ мемондем". Ва мунсифона аст бигӯем, ки агар Истиқлолият намебуд, даҳсолаҳои дигар кишвари мо дар ҳоли карахтиву бӯҳрони маънавӣ, ки пеш аз заволаш давлати шӯроҳоро фаро гирифта буд, мезист. Аз ин рӯ, арҷ гузоштан ба арзишҳои даврони шӯравӣ низ ифодаи эҳтиром ба таърих аст.
Чунон ки хонандагони арҷманд огаҳанд, бо Қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи як даҳсолаи охир фаъолияти даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ манъ карда шуданд. Аммо, ин ҳанӯз нисфи кор аст.
Мо мушоҳида мекунем, ки ин ё он ҳизбу ҷунбишҳои ғайриқонунӣ муддати муайян фаъолият мекунанд, дар атрофи худ пайравонашонро ҷамъ меоранд ва баъд аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чун экстремистиву террористӣ айният кунонида мешаванд. Чунин вазъият дар шинохти "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва "Салафия" ҷой дошт. Дер шинохтани моҳияти ифротгароёнаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо муқовимат ва мубориза бо онҳоро мушкилтар мегардонад.
Мушкилоти дигари мубориза бо терроризму экстремизм набудани заминаҳои зарурии илмиву назариявии он мебошад. Имрӯз баъзе олимони тоҷик, аз ҷумла аз ҳисоби кормандони амалӣ ин масъалаҳоро тадқиқ ва рисолаҳои илмӣ ҳимоя намудаанд. Аммо, тадқиқоту китобҳои онҳо дастраси умум нест. Мутаассифона, фаъолияти илмии онҳо дар ин самт бо ҳимояи як рисолаи илмӣ ва ё як монография хотима меёбад.
Имрӯз оид ба фаъолияти ин ё он ҳизбу равияҳо тадқиқотҳои илмӣ-назариявӣ анҷом дода мешаванд, вале асосан онро намояндагони расмии динӣ анҷом медиҳанд, ки онҳо асосан мухолифатҳои таълимоти ин ҳизбу равияҳоро ба муқаррароти исломи ноб таҳлил мекунанд. Зиддияти таълимоти ин ҳизбу ҳаракатҳоро ба қонунҳои амалкунандаи кишвар бояд олимони ҳуқуқшинос таҳлилу тадқиқ намоянд. Олими ҳуқуқшинос Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки солиёни зиёд дар вазифаҳои масъули мақомоти прокуратура ифои вазифа кардааст, бо нашри силсилаасарҳо ва мақолаҳояш дар тадқиқи фаъолияти экстремистии "Ҳизб-ут-Таҳрир" саҳм гирифтааст ва яке аз ташаббускорони қабули ду Қарори Суди Олии мамлакат оид ба ғайриқонунӣ ва экстремистӣ ҳисобидани фаъолияти ин ҳизб, манъ намудани фаъолияти он ва бастани сомонаи интернетиаш мебошад. Бешак, ин ва дигар тадқиқотҳо боиси он шудаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ин ҳизб муваффақтар аст. Аммо, ин тадқиқотҳо идома мехоҳанд. Аз нашри охирин китоби устод Муҳаббатов зиёда аз як даҳсола гузаштааст, аммо "Ҳизб-ут-Таҳрир" доимо ҷома бадал мекунад.
Имрӯз бандубасти кирдорҳои аъзои ин ҳизб мушкилоти мақомоти тафтишотӣ аст, зеро амалияи ягона дар ин самт мавҷуд нест. Алъон, дар тафтишот амалҳои аъзои "Ҳизб-ут-Таҳрир" асосан бо моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 3071 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 3072 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 3073 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст мешавад. Дар баъзе минтақаҳо дар асоси моддаи 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) низ айб эълон карда мешавад. Маҳз набудани амалияи ягонаи тафтишотӣ-судӣ ҳамон як ҳаракатҳо дар манотиқи гуногуни кишвар бо моддаҳои гуногун, ҷое камтар, ҷое бештар бандубаст шуда, ҳамаи онҳо аз ҷониби судҳо бо айбҳои эълонгардида гунаҳкор дониста шудаанд. Аз ин рӯ, бояд масъалаи бандубасти амалҳои ғайриқонунии намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бо роҳи таҳияи дастурамал ё тавсияҳои методии байнисоҳавӣ ҳал карда шуда, амалияи ягонаи тафтишотӣ-судӣ дар ин самт ҷорӣ карда шавад.
Бояд нависандагони тоҷик низ бо эҷод намудани асарҳои детективӣ, дар ҳамкорӣ бо субъектони мубориза бо ин ҷиноятҳои фаромиллӣ дар ташаккул ёфтани афкори зиддитеррористиву зиддиифротгароии аҳолӣ нақши носутурданӣ гузоранд. Маҳз чораҳои маҷ¬мӯӣ муассиртаранд.
Бояд дар ҳеҷ кор зиёдаравӣ ва ифрот набошад. Алалхусус дар дин. Расули Акрам (с) фармудаанд: "Ду кас аз шафоати ман бебаҳраанд: дарбории подшоҳи ситамгар ва диндори ифротӣ, ки аз роҳи "ғулу" (муболиғаи зиёду таассуб) аз дин хориҷ шавад".
Андеша кунед. Баъзан ифротро дар ҳаёти ҳаррӯза мебинем. Нафаре ба мансаб таъин мешавад ва атрофи худро аз наздикон ва нафарони боваринок пур мекунад. Ин "шахсони наздик"-и роҳбар новобаста ба қобилияту истеъдод ва меҳнаташон қадршиносӣ мешаванд ва ба кормандони дигар чун намунаи ибрат муаррифӣ мегарданд. Ба онҳо камбудиҳо бахшида мешавад, нокорӣ будани онҳо бо дарназардошти сифатҳои дигарашон сарфи назар карда мешавад ва асосаш онҳо ба неъматҳои моддии ғайриқонунӣ дастрасии бештар доранд. Дар зинаҳои хизматӣ низ онҳо бештар мутаҳарриканд ва дар назди роҳбарият эҳтироми бештар доранд. Албатта, шумораи чунин мансабдорон зиёд нест ва умри муваффақиятҳои чунин мансабдорону пайравонашон башумор мебошад. Вале шумораи ками онҳо ҳам оё ҳамон зуҳуроти пириву муридгариро ба ёд намеорад? Ба ёд меорад, вале ин ҷо "пир" "шэф" ном дорад.
Яке аз омилҳои самарабахши мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ, ки ба ҷониби Осиёи Марказӣ низ назарҳои пурхатар намуда истодааст, ин донистани компютер ва интернет, мунтазам назорат кардани зуҳур ва фаъолияти террористони ифротгаро дар шабакаи интернет мебошад. Имрӯз варақапаҳнкунии "Ҳизб-ут-Таҳрир" аз мӯд баромадааст. Ҷойи даҳҳо китоби таълимии таҳририёнро, ки як даҳсола пеш аз хонаҳои онҳо пайдо мекардем, флэшка ё ҳомили дигари хурдакак бо маводҳои зиёди электрониаш гирифтааст. Тарзу усулҳои таълими экстремистӣ низ дигар шудааст.
Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии кишвар чанде пеш парвандаи ҷиноятиро нисбати дувоздаҳ нафар аъзои ҳизби ғайриқонунии экстремистии "Ҳизб-ут-Таҳрир" ба итмом расонида, ба суд ирсол намуд. Тафтишот муайян кардааст, ки ин нафарон, ки дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо менамуданд, аз аъмоли мозии худ даст накашида, дар дохили муассисаи ислоҳӣ низ даст ба фаъолияти ифротгароёна задаанд. Аз ҷумла, бо кадом роҳе маводи экстремистиро вориди муассисаи ислоҳӣ намуда, аз рӯйи он маҳбусони дигарро тадрис медоданд.
Мо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд аз навовариҳои илмиву техникӣ, аз ҷумла техникаи компютерӣ ва имкониятҳои шабакаи ҷаҳо¬нии интернет мутталеъ ва бо донишҳои диниву дунявии зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ мусаллаҳ бошем, дар тан ҷавшани имону ватандӯстӣ ва дар дил муҳаббат ба миллату эҳсоси оштинопазирӣ бо ҷинояту ҷинояткорӣ дошта бошем, вагарна ҳама муборизаи мо бо ин ҷиноятҳои фаромиллӣ барабас аст. Агар мо дар ҳамдастӣ бо намояндагони исломи ноб афкори аҳолиро аз хурофот, аз шахспарастии динӣ ва ҳар гуна бидъатҳои дигар тоза накунем, ҷойи Шайх Темурро Шайх Темурҳои дигар ишғол мекунанд. Боз нафаре ба худ симои қудсият дода, байни худ ва мардум парда мегирад. Ва мардуми хурофотзада хизмат ба Худоро дар хизмат ба ин ё он шахсияти динӣ мебинанд. Боз садоҳо баланд мешавад, ки касе тӯйи саристолӣ мекунад, аз дин хориҷ мешавад, касе дар ҳолати мастӣ вафот мекунад, ҷанозаи ӯ ҷоиз намебошад, нони муаллимро хӯрдан дуруст нест, бояд чунину чунон бошад ва ҳаркӣ чунин мекунад, ё чунин намекунад, кофир аст. Ва пайравони сеҳрзада омодаи ҳар як фармоиши чунин пешвоёни ғайрирасмӣ мешаванд. Маҳз чунин афсунгаштагонро ба ҷанги муқаддас дар Сурияву Ироқ, ба ҳар гуна юришу шӯриш даъват кардан аз ҳама осонтар аст.
Имрӯз мебояд ҳама дарҳову мӯриҳоро ба рӯйи ин меҳмонони нохондаву аҷнабӣ, чун экстремизму терроризм баст, зеро фардо дер хоҳад шуд.
Фаррух РАУФОВ, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ, мушовири адлияи дараҷаи 1 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика