Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗАМИНАҲОИ ПАЙДОИШИ ТУНДГАРОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Дар шароити имрӯза сиёсисозии ислом ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала бисёр кишварҳоро водор ба он намудааст, ки дар қонунгузории амалкунандаи худ санадҳое қабул намоянд, ки фаъолияти созмонҳои тундгарои исломиро дар қаламрави худ манъ кунанд. Воқеияти тоза ба вуҷудомада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш ва сабабҳои фаъол гардидани онҳо омӯхта шавад. Бояд гуфт, ки падидаи тундгароии исломӣ дар муҳити пасошӯравӣ хусусиятҳои фарқкунандаи худро дорад. Пайдоиши он ҳамчун ниҳоди муташаккили сиёсӣ ба охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. Ин раванд бо болоравии андешарониҳои динӣ оғоз гардида, тадриҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии тундгаро оварда расонид. Ҳамчунин бояд гуфта шавад, ки дар ибтидои солҳои 90-ум на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни мӯътақидони дину конфессияҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи Шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳонбинии динӣ боло гирифт. Иллати ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба фурӯпошии пояҳои идеологии як давлати абарқудрат вобаста буд. Дар шароити ба вуҷуд омадани холигии идеологӣ як гурӯҳи муайяни мардум барои пайдо кардани ҷаҳонбинии нав ба дин ва арзишҳои динӣ муроҷиат карданд. Бо гузашти айём ва андӯхти таҷрибаи рӯзгор дар фаъолияти бисёре аз созмонҳои исломӣ вижагиҳои сиёсӣ тақвият гирифта, ислом мавқеъгирии сиёсию динӣ ба даст овард.
Бояд эътироф намуд, ки ташкили ниҳодҳои "исломи расмӣ" дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам барои аз байн бурдани роҳу усулҳои суннатии интихоби роҳбарони мазҳабӣ ва пешвоёни маънавӣ ҳеҷ коре карда натавонист. Баръакс, дар тӯли даҳсолаҳо ин вазъият дар баробари мавҷуд будани ниҳодҳои давлатии назорати ҳаёти динӣ боиси таъсис ва амали як миқдор масҷидҳои ғайрирасмӣ гардид. Тибқи ҳисоботи оморӣ, теъдоди масҷидҳои ғайрирасмӣ нисбат ба масҷидҳои расмӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар оғози солҳои 90-ум 20 баробар зиёд будааст, ки ин аз интиқоли "исломи ғайрирасмӣ" ба ҳолати қонунӣ ва ошкорои фаъолият дарак медиҳад. Маҳз як миқдор намояндагони ба истилоҳ "исломи ғайрирасмӣ" дар оянда муассисони ҳизбу созмонҳои исломӣ гардиданд. Ва бештари созмонҳои ҷамъиятию сиёсии мусулмонӣ равияҳои тундгароиро дунболагирӣ намуданд. Аз ин ҷиҳат хусусияти муҳимтарини тундгароии исломӣ волоияти арзишҳои динӣ не, балки дар мадди аввал ташаккули платформаи сиёсии худ ба ҳисоб мерафт. Мақсади асосии ин падида аз истифода бурдани роҳу усулҳои мубориза аз ҷониби созмонҳои мухталифи исломист, ки он ба талаботи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқат намекунад. Дар нуфуз пайдо кардан ва решадор шудани сиғаи тундгароёнаи ислом дар оғози истиқлолияти давлатии кишвари мо ҳамчунин омилҳое, ба мисли набудани низоми мукаммали сохтории омӯзиши дини ислом, паст будани сатҳи тахассусӣ ва фасодзадагии намояндагони исломи расмии ҳукуматӣ, саъю талошҳои як идда пешвоёни рӯҳонӣ ва ҳизбӣ барои шомилшавӣ ба созмонҳои байналмилалии мусулмонӣ ба хотири ба даст овардани кӯмакҳои молиявию пулӣ аз ҷониби давлатҳои сарватманди арабӣ заминаи номатлуб гузоштанд.
Аз ҷониби дигар, барҳам хӯрдани низоми идоракунии фарогир, сар задани нооромии сиёсӣ, афзоиши бекорию камбизоатии аҳолӣ ва коста шудани сатҳи таълиму тарбия ба он оварда расонид, ки як зумра ҷавонон фирефта ва шефтаи таблиғоти фаъолони созмонҳои динӣ шаванд. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои динию мазҳабӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоии зиндагии онҳо пазируфта шавад. Ҳаммарзии тӯлонӣ бо давлати Афғонистон низ барои осон интиқол ёфтани ақоиди санҷидашудаи ҳизбу ҷараёнҳои сиёсию исломӣ тӯли солҳои ҷанг бо неруҳои Шӯравӣ ба шиддат гирифтани баҳсҳои хушунатомези динию мазҳабӣ бе таъсир намонд. Бояд гуфта шавад, ки муваффақияти ҳама гуна ҳизбҳои навбаромад, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсис ёфтанд ва гароиши сиёсию динӣ, миллию қавмӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ислоҳотӣ ва демократӣ доштанд, ба имкониятҳои пулии онҳо сахт вобаста буд. Ҳизбҳои исломгаро низ барои иштирок дар фаъолияти созмонҳояшон ба фаъолон маблағҳои хуб пардохт мекарданд. Пуле, ки онҳо медоданд, аз музди меҳнатии воқеии онвақтаи мардум зиёдтар буд ва ҷавонон асосан ба хотири пул рӯёнидан шомили ин қабил аҳзоб мешуданд, на аз рӯйи бовару эътиқод ва эҳтироми дину мазҳаб.
Ҳамин тариқ, тундгароии исломӣ дар шароити нав дар дасти як гурӯҳи муайян ба як воситаи муҳими таъсиррасонӣ табдил ёфт, ки онҳо аслан ҳадафҳои динию мазҳабиро пайгирӣ намекарданд. Фаъолияти ин қабил созмонҳои тундгаро якбора дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври бесобиқа қавӣ гардид ва ҳавохоҳону пайравони зиёд ҳам пайдо кард. Ана ҳамин андешаи ботили асримиёнагӣ, ки маҳз тавассути бунёди давлати исломӣ дар асоси муқаррароти шариат тамоми мушкилоти иҷтимоиро ҳал кардан имконпазир аст, баъдтар боиси афзоиши хостаҳо, иродаҳо ва ҷасоратҳои нав ба нав ва ба таассубу ҷаҳолат ғӯтавар гардидани ҷавонон шуд. Ҳарчанд матлаби ошкорои ин созмонҳо таъсиси як давлати исломӣ бо номи шартии Хилофати Мовароуннаҳр бошад ҳам, вале мақсадҳои ниҳонии пуштибонони бурунмарзии онҳо, нахуст, ҳузур пайдо кардан дар ин минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ қулай, баъдан, роҳ ёфтан ба коркард ва истифодаи захираҳои фаровони нафту газ, тилло, уран, дигар маъданҳои фоиданок ва ниҳоят, сармояи инсонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон будааст ва хоҳад буд. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки дар қаламрави васеи кишварҳои Осиёи Миёнаи пасошӯравӣ яке аз минтақаҳои сераҳолитарини кураи Замин - водии Фарғона ҷойгир аст, ки сокинони он тақрибан тӯли бештар аз бист сол бо шеваи мухолифат изҳор намудан ба ҳама гуна ҳокимияти сиёсӣ машҳур гаштаанд. Сӯиистифода аз камтарин проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ба мисли бекорӣ ва камбизоатӣ аз ҷониби неруҳои манфиатдор дар ин минтақа ҳар лаҳза метавонад боиси шиддат гирифтани андешаҳои тундгароёна дар заминаи эҳсосоти миллӣ ва динӣ байни миллатҳои ӯзбек, қирғиз ва тоҷик гардад. Бадбахтона, кишвари хурди Тоҷикистон, ки аз нигоҳи иқтидори иқтисодӣ ва захираҳои ашёи хом ҷаззобияти казоие надошт, дар ибтидои солҳои 90-ум дар ин кашмакашу муборизаҳои шадиди сиёсӣ ҳамчун майдони озмоишгоҳ ба бозиҳои ғаразноки сиёсию мазҳабӣ кашида шуд. Падидаи номатлубе, ки баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар миёни мардуми тоҷик ба вуҷуд омадааст, ин бетафовутӣ зоҳир намудан нисбат ба арзишҳои волои миллию динӣ, ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба дину мазҳабҳои бегона мебошад, ки дар натиҷа як муддат ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории онҳоро сахт зери хатар монд. Ҳамчунин аст сиёсати давлатҳои абарқудрат: як кишвари хурдро ба гирдоби балоҳо кашонида, масъалаҳои бузурги минтақавии худро роҳандозӣ мекунанд.
Маъмулан рукуд ва нокомии фарҳанги исломиро дар Осиёи Миёна дар ибтидои асри ХХ ба Инқилоби Октябр ва бунёди ҳокимияти Шӯравӣ мансуб медонанд. Чунин хулосабарорӣ роҳи осони ҳалли масъала аст, ки тавассути ба сари русҳо ва болшевикон бор кардани тамоми бадбахтиҳо гӯё аз мушкилоти сарпечида раҳоӣ меёбем. Вале бояд сабаби масъаларо андаке барвақттар дар муҳити бӯҳронии зиёиёни мусулмони Осиёи Миёна ҷустуҷӯ кард. Ин раванд аз ибтидои асри ХIХ оғоз гардида, дар заминаи таъсири беруна зиёиёни бофарҳанги минтақаро ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф ҷудо кард. Дар миёни онҳо масъалаи ифодаи муносибати танқидӣ ба фарҳанги қадимаи худӣ ва зарурати худдорӣ ё таҷдиди назар кардан аз як идда принсипҳо ва арзишҳое, ки тӯли асрҳои зиёд бетағйир монда буданд, ташаккул ёфтан гирифт.
Далели аслии шикасти фарҳангӣ бархӯрди ошкоро бо дастовардҳо ва арзишҳои тамаддуни Аврупо дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX буд. Таъсири ин тамаддун ҳам тавассути манфиатҳои сиёсию иқтисодии Русияи подшоҳӣ ҳамчун тарзи нави ҳаёт вориди фазои фарҳангии минтақа гардид ва ҳам аз тариқи сафарҳои тоҷирону зиёиён ба кишварҳои Аврупо ва Шарқи мусулмонӣ тарғиб мешуд.
Далелҳои дигар низ мавҷуданд, ки яке аз онҳо аз нигоҳи назариявӣ ва техникӣ омода набудани исломи расмии Осиёи Миёна ба таҳоҷуми фарҳангии беруна буд. Шигифтовар нест, ки ин муҳити фарҳангӣ ба чолишҳои тамаддуни Аврупо посухи саривақтии таҳлилӣ дода натавонист, зеро аз охирҳои асри XVIII Осиёи Миёна ба коста шудани андешаи назариявии исломӣ мувоҷеҳ гардида буд. Дар Бухоро вазъи ислом ва тамоми ниҳодҳои марбутаи он (тарзи ҳаёти рӯҳониён ва уламои дин, бадахлоқӣ ва каммаърифатии онҳо, муносибати иртиҷоии ҳокимон) мавриди танқиди шадиди фақеҳони исломӣ ва маорифпарварони мусулмони Русия қарор гирифта буд. Баъдтар аз дохил садои пешвои маорифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш ва пайравонаш баланд шуд. Ақидаҳои пешқадам дар асарҳои "Наводир ул-вақоеъ"-и Аҳмади Дониш, "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзо Ҳаким Сироҷ ва таълифоти дигарон равшану возеҳ баён гардиданд. Дар ниҳояти кор, ду неруи асосии исломӣ дар минтақа фаъол шуданд: исломи расмӣ ва исломи фикрӣ (интелектуалӣ). Дар байни ин ду нерӯ ихтилофот мавҷуд буданд, вале дар масъалаи ояндаи рушди фарҳангӣ ва таъсири мутабодили онҳо байнашон умумият низ вуҷуд дошт. Инчунин дар заминаи таассуби динию мазҳабӣ дар ибтидои асри ХХ миёни намояндагони рӯҳоният раванди дигари бархӯрд ва ихтилофот - гароиш ба пантуркизм ва панэронизм шиддат гирифт. Мутаассифона, ҳаракатҳои пешқадами илмӣ ва маърифатӣ, ки дар саросари олами ислом бо номҳои таҷаддуд, наҳзат ва морифпарварӣ паҳн гардида буд, ба анҷоми мантиқӣ ва нуқтаи "таммат билхайр"-и худ нарасиданд. Инқилобҳои гуногун ва ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ дар кишварҳо садди роҳи он шуданд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамаи масъалаҳои ҳалношуда ба зери сояи чатри сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ даромаданд ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаклу муҳтавои тоза аз худ дарак доданд, ки дарёфти роҳҳои ҳалли дурусти он аз мутахассисон таҳияи барномаи фарогиреро тақозо менамояд.
Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ. Бознашр аз www.khovar.tj 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика