Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо аҳли ҷомеа

155

Дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг вохӯрии сардори ШВКД дар ноҳияи мазкур подполковники милитсия Амридинзода Ҷумахон Амридин бо аҳли ҷамоатчӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.154
Зимни суханронӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг подполковники милитсия Амридинзода Ҷ. оид ба масоили мубраму доғи ҷомеа, аз ҷумла, масъалаҳои таълиму тарбияи ноболиғон, наврасону ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа изҳори андеша намуд.
Таъкид гардид, ки риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорат гирифта шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ боз ҳам рушду густариш меёбанд.
Чанд нафар аз омӯзгорон ва фаъолони маҳаллаҳо ба сухан баромада, кору фаъолияти кормандони милитсияро дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ қобили қабул арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бо саъю кӯшиши кормандони милитсия ва ҳамкории зич бо аҳолӣ метавон пеши роҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятҳоро гирифта, фазои сулҳу амнияти кишварро поянда нигаҳ дошт.
Дар хотима аз ҷониби ширкаткунандагон барои чунин вохӯрии судманд, ки ба хотири сарҷамъии мардум, ваҳдату ягонагӣ ва таъмини амнияту оромӣ доир гардид, изҳори миннатдорӣ карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика