Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мизи мудаввар дар доираи ислоҳоти милитсия

261926514 237107768522660_2352004485766909913_n

Ҳафтаи сипаригардида мизи мудаввар дар доираи ислоҳоти милитсия ҷиҳати дастгирии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон доир гардид.
Сухани ифтитоҳиро Шоҳназаров Лоҳутӣ - раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон оғоз намуда, аз раванди кори Шӯрои ҷамъиятӣ ҳарф зад.
Мавсуф дар бораи ислоҳот дар самти милитсия ёдовар шуда, қайд дошт, ки лоиҳаи нав ба Шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру навоҳии вилоят дастрас карда мешавад. Ҳамчунин, гуфт, ки ҳоло Шӯрои ҷамъиятӣ барои қабули аъзоён имконият дорад. Дар ин раванд раисони Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД ноҳияҳои Қубодиён, Шарҳритус ва А.Ҷомӣ аз ташаббусу натиҷаҳои ба дастомада суханронӣ намуданд. Сафарбек Наҷмиддинов - раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ баромад намуда, аз дастовардҳои бадастомада ёдовар гардид. Ӯ иброз дошт, ки бозии варзишӣ байни 120 нафар баргузор гардида, ҳар як даста аз 15 нафар иборат буд. Ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, С.Наҷмиддинов аз рафти баргузории бозиҳо ва супоридани туҳфаҳо, аксҳо ва ҷадвалҳои омоданамударо ба ҳозирин пешкаш кард. Мирзосафар Сабуров - раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Қубодиён суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар ноҳия 25 дастаи футбол ташкил намудем, ки байни ҳам мусобиқа доранд. Дар ин миён 375 ҷавонро ба бозиҳои варзишӣ сафарбар намудем, ки муддати 20 рӯз дастаҳои футбол байни ҳамдигар рақобат намуданд. Натиҷаи бозиро 19-уми сентябр ҷамъбаст намуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Абдумумин Шоимов - раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус баромад карда, доир ба баргузории бозиҳои варзишӣ дар ноҳияи Шаҳритус ҳарф зад. Мавсуф зикр кард, ки мо дар байни мардум анкетаҳо ташкил намудем ва бо ин васила фаҳмидем, ки то ба кадом андоза мардум нозири минтақавии худро мешиносанд. Инчунин, аз ҳамкориҳои байни ҳамдигар бо Шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Қубодиён ва Носири Хусрав ёдовар гардид.261612344 617458419455657_1235637757314192530_n
Мақсад аз ташкил намудани Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар вилояти Хатлон тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд байни сокинон бо милитсия мебошад. Дар ин миён ба раиси Шӯроҳои ҷамъиятӣ саволҳо ва пешниҳодҳо аз ҷониби ҳозирин дода шуд.
Дар хотима Баҳром Абдуллоев - намояндаи САҲА баромад намуда, доир ба нақшаҳои соли оянда маслиҳатҳои муфид дод.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика