Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рамазон- моҳи амалҳои хайр ва дорои фазилатҳои бузург

1006Моҳи шарифи Рамазон, ки тибқи ҳадисҳои набавӣ аз беҳтарин моҳҳои солшуморӣ маҳсуб меёбад, дорои фазилатҳои бузургест, ки муҷиби некбахтию саодатмандии мусулмонон арзёбӣ мегардад.

Моҳи Рамазон- моҳи сабру таҳаммулпазирӣ, хайру саховатмандӣ ва дигар амалҳои накӯкорӣ аст. Аз ин лиҳоз, дар ин моҳи муборак инсони солеҳро фурсати муносибе пайдо мегардад, то бо рафтору гуфтори шоиста савоби бузургро ба даст оварад. Рамазон моҳи раҳмат, моҳи нузули Қуръон, моҳи сабру шикебоӣ ва хайру эҳсон аст. Мардум бо сабаби анҷомдодани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон нахуст раҳмати Худоро ба даст оварда, соҳиби тани сиҳату савоби бузург мегарданд. Бузургии ин моҳ дар он аст, ки дар ин шабу рӯз китоби ҳидоятгари Қуръони карим нозил шудааст, ки барои одамон роҳи ҳақро аз ботил ҷудо мекунад. Тавре, ки дар оятҳои сураи «Бақара» омадааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, фарз карда шуд бар шумо рӯзаи моҳи шарифи Рамазон. Ҳамчунон ки барои пеш аз шумо гузаштагон фарз буд. Шояд, ки бо сабаби ин моҳ растагор шавед». Яъне бо шарофати моҳи шарифи Рамазон инсон ба раҳмати Худованд мушарраф мегардад. Аз сӯйи дигар, доштани рӯза дар ин моҳи бузург барои инсон аз чанд ҷиҳат фоидаҳои равонӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ дорад. Аммо рӯзагирӣ фақат даҳон пӯшидан аз истеъмоли ғизо нест, балки парҳезкорӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб аст. Дар рӯзҳои моҳи Рамазон бояд ҳама аъзои бадан рӯзадор бошанд, дар мисоли забон аз гуфтори нохуб нигоҳ доштан, чашм аз нигоҳи бад, гӯш аз шунидани ҳарфҳои номатлуб парҳез мебояд. Дар ин сурат инсон рӯзадори комил буда метавонад. Аслан, амалҳои шоиста дар зиндагии рӯзмарраи мусулмон зарур аст, вале дар моҳи шарифи Рамазон ин ҳукм дубора таъкид шудааст.
Ҳадиси Муҳаммад (с.а.) аст, ки аз Ҳазрати Абуҳурайра (р.) ривоят шудааст: «Муҳаммад (с.а.) гуфт: Ҳар гоҳе, ки моҳи Рамазон фаро расид, ҳама дарҳои биҳишт кушода мешаванд ва ҳама дарҳои дӯзах баста ва ҳама шайотин занҷирбанд карда мешавад». Ҳамчунин ҳадиси саҳех аст, ки аввали моҳи шарифи Рамазон раҳмати Худованд барои бандагонаш нозил шуда, миёнаи ин моҳ давраи мағфирати гуноҳҳои бандагон бувад ва даҳҳаи охир наҷоти бандагон аз оташи дузах аст. Аз ин рӯ, барои ин ҳама неъматҳои илоҳиро сазовор шудан бояд тавре кору зиндагӣ намоем, ки ҳам барои манфиати худамон ва ҳам ба фоидаи давлату халқ саҳм гузошта тавонем. Дар ин моҳ, ки ваъдаи иҷобати дуоҳост, бояд пеш аз ҳама, барои тинҷию осудагии кишвар ва рушду ободии Ватани азизамон дуо кунем.
Албатта, Моҳи Рамазон моҳи хайру зҳсон аст. Чуноне ки дар ҳадиси Расули Акрам (с.а.) омадааст: «Агар шахсе ҳоҷати бародареро барорад, Худованд ҳоҷати ӯро бароварда созад». Аз ин рӯ, мардум бояд ҳамеша якдигарро дастгирӣ намоянд ва амри Парвардигор аст, ки мегӯяд некӣ кунед. Дар ин маврид дар ояти каломуллоҳ омадааст, ки: «Шумо корҳои хайрро анҷом диҳед, ки шояд растагор шавед».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки: «Дар моҳи шарифи Рамазон амалҳои неку писандида, аз ҷумла хайру садақа на ба хотири зоҳирпарастӣ, намоишкорӣ, исрофкорӣ ва худро аз дигарон беҳтар нишон додан, балки барои ба даст овардани хушнудии Худованд анҷом дода мешавад. Тибқи оятҳои қуръонӣ, беҳтарин бандагон дар назди Худо парҳезгортарини онҳоянд. Мардуми шарифи мо хуб медонанд, ки ба рӯҳу арвоҳи гузаштагон танҳо савоби дуо ва қироати каломи рабонӣ мерасад. Яъне, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастархони серхарҷ аз аъмоли воҷиби дини мубини ислом шуморида мешавад».
Аз ин лиҳоз, ҳар нафари мо, сокинони кишварро мебояд, ки дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва риояи бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба оростани дастархони пурдабдабаву намоишкорона ва дигар исрофкориҳо роҳ надиҳем.
Фаромӯш набояд кард, ки дар ин моҳи сабру ҳамдилӣ, хайру накукорӣ ва моҳе, ки дар рӯзгори мардумон файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон меафзояд, ба ятимону пирони барҷомонда кумак расонидан, ниёзмандеро ғизо додан сабаби мағфирати гуноҳон ва тнаҷоту растагорист.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика