Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Қубодиён

141

Рӯзи 17-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ҷаласаи навбатии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия бо иштироки роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Қӯбодиён, кормандони милитсия ва нозирони минтақавӣ доир гардид.
Дар оғоз Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмину тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-и мазкур Сабуров Мирзосафар ҳадафи баргузор намудани ҷаласаи навбатиро шарҳ дода, изҳор дошт, ки мақсади он ҳарчи бештар ноил шудан ба натиҷаҳои мусбӣ дар самти амалисозии «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» мебошад.
Сипас, ба ҳозирин раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоҳназаров баромад намуда, қайд кард, ки вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия, таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҳамаи марҳилаи ислоҳоти милитсия мебошад.
Дар ҷаласа аз ҷониби сардори шуъбачаи хифзи тартиботи ҷамъияти ШВКД дар ноҳияи Қубодиён, майори милитсия Қодирзода Далер мақсад ва вазифаҳои ислоҳоти милитсия, натиҷаҳо, дурнамои ислоҳоти милитсия, ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дигар масоили мубрам мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.

142143

Ҳамчунин, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва нозирони минтақавӣ оид ба фаъолияти хизматии худ дар 8 моҳи соли 2019 маълумот доданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика