Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариш ёфтани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ

188

Ҷиҳати боз ҳам тақвия бахшидани ҳамкории кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар амал тадбиқ намудани барномаи ислоҳоти милитсия ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, аз тарафи роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа баргузор мегардад.
Чунин як вохӯрии судманд аз ҷониби сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои САҲШ, омӯзгорон, имомхатибон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Вохӯрии мазкур тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар вилояти Хатлон бо тартиби нақша-чорабиниҳо, баргузории мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа ба роҳ монда шуд, ки ба хотири беҳбуд бахшидан ба рафти фаъолияти кормандони милитсия, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамкории кормандони милитсия бо мардум мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён оид ба содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, масъалаҳои доғи рӯз аз қабили терроризму экстремизм, оворагардӣ, дуздиву ғоратгарӣ махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидон ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани факту рақамҳои дақиқ суханронӣ намуданд.

189190

Қайд гардид, ки риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ, аз ҳар як узви ҷомеа, алалхусус аз падару модарон ва фарзандон талаб карда мешавад, зеро оромиву осоиштагии ҳар як миллату давлат аз ҳар як шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни аҳли ҷамоатчигӣ бо кормандони милитсия саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифтанд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика