Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тозагии муҳит - солимии ҷомеа

92

Рӯзи 21-уми апрели соли 2019 аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар чорчӯби Нақшаи профилактикии “Пешгирии партобҳои зараррасон” дар ҳамкорӣ бо нозирони минтақавӣ дар шаҳраки Ғарм, намояндаи ҷамоати шаҳрак ва кормандони идораи коммуналӣ дар 10 маҳаллаҳои дохили шаҳраки Ғарм аксияи тозагии “Бе тараф набош” доир намуданд.
Дар чорабинии мазкур аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо нозири минтақавии шаҳраки Ғарм капитани милитсия Нуриддинов Низомиддин, намояндаи ҷамоати шаҳраки Ғарм, кормандони идораи коммуналӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

9394

Аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар доираи гузаронидани аксияи тозагӣ дар 10 маҳаллаи шаҳраки Ғарм суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани партобҳо гузарониданд. Оид ба бартараф намудани партобҳо дар маҳаллаҳои дохили шаҳраки Ғарм дар доираи аксияи тозагӣ аъзоёни Шӯро дар ҳамкорӣ бо идораи коммуналӣ ва нозири минтақавӣ нуқтаҳои партобгоҳҳои сокинон тоза карда шуда, дар назди партобгоҳҳо аломатҳо оиди тоза нигоҳ доштани муҳит гузошта шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Нақшаи профилактикии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифатнокӣ” ва ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” амалӣ карда мешаванд.

95

Нодирҷон Маҳмадов, Ҳамоҳангсози барномаи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” дар Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифатнокӣ”




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика