Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа дар ноҳияи Қубодиён

29

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби РВКД дар вилояти Хатлон бо тартиби нақша-чорабиниҳо, баргузории мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа ба роҳ монда шудааст.
Ҳафтаи сипаришуда бо иштироки сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён подполковники милитсия Давлатзода Шавкат бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани чунин вохӯрӣ беҳбуд бахшидан ба рафти фаъолияти кормандони милитсия, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамкории кормандони милитсия бо мардум мебошад.
Зимни баргузории ин мулоқот иштирокчиён дар бораи содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, доир ба масъалаҳои доғи рӯз аз қабили терроризму экстремизм, оворагардӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидон ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани факту рақамҳои дақиқ суханронӣ намуданд.

3031

Оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бори дигар таъкид намуда, қайд гардид, ки иҷроиши қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас бояд масъулияти бештаре дошта бошанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни аҳли ҷамоатчигӣ бо кормандони милитсия, саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифтанд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика