Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рашт: Нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо мардум

Дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ фаъолият намуда истодаанд.
Инчунин дар назди ШВКД-и ноҳияи Лахш, Нӯробод ва Навобод Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Бо дастгирии шарикони рушд Шӯрои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-и шаҳраки Навобод нақшаи профилактикии худро оид ба «Пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ», Шӯрои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт оид ба шаҳраки Ғарм нақшаи профилактикӣ дар мавзӯи «Бартараф намудани партовҳои экологӣ», Шӯрои ҷамъияти оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти имилитсия дар назди РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт нақшаи профилактикӣ дар мавзӯи «Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон»-ро амалӣ намуда истодаанд.
Барои аъзоёни Шӯроҳо пеш аз амалишавии нақшаҳои профилактикиашон якчанд омӯзиш дар мавзӯи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва тарзи дуруст расонидани маълумот ва ҷалби аҳолӣ ба ҳамкорӣ бо милитсия омӯзонида шуд.
Дар омӯзиш тренерон (омӯзгорон) аз ҳисоби РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт сардори шуъбаи ташкилӣ ва назоратӣ полковники милитсия Майдонов М., аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт декани факултаи забонҳо Муродов Б. ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар водии Рашт Абдуллоев С. ҷалб карда шуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика