Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шанбеги дастаҷамъона бо иштироки нозирони минтақавӣ

64

Дар доираи иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №63 аз 30-юми январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе”, иҷроиши ҳатмии талаботи амалиёти профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” шанбегиҳо низ гузаронида мешавад.

Сокинони пойтахт баҳри дар амал татбиқ намудани қарори мазкур дар маҳаллаҳои зисти худ ба тозаву озода намудани назди биноҳои истиқоматӣ пайваста саъю талош меварзанд. Аз ҷумла, чунин корҳои созандагӣ дар маҳаллаву кӯчаҳои Маяковский, А.Сино, Саъдии Шерозӣ ва Севастополи пойтахт баргузор гардид.

65

Бояд қайд намуд, ки сокинони ин маҳаллаҳо бо рӯхияи баланди ватандӯстиву меҳаншиносӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва нарм намудани бехи онҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атрофи маҳалли ҷойи зист, кӯшиш ба харҷ медоданд. 

Тавре дар сӯҳбат бо мо раиси шаҳраки 12 ноҳияи Сино Шамсия Ятимова иброз намуд, имрӯз сокинони ин шаҳрак дар якҷоягӣ бо нозирони минтақавии милитсия ба ин кори дастаҷамъона машғул гардиданд. Мо низ назди биноҳоро тозаву озода намуда, ба омадани фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай омодагӣ мебинем. Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳрак то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома меёбад.
Бояд қайд намуд, ки дар ин рӯз дар қатори дигар шаҳрвандон, нозирони минтақавии ШВКД 1 дар ноҳияи Синои пойтахт низ дар назди биноҳои минтақаҳои хизматии маъмурӣ як қатор корҳои созандагию ободкориро ба сомон расониданд. 

66

Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии мост. Ба ин мақсад, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ пайваста дар назди биноҳои маъмурии минтақаҳои хизматии милитсия аз тарафи кормандон низ бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона гузаронида мешавад, - афзуд муовини сардори ШВКД 1 дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Шоҳиён Алохӯҷа.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика