Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия - ин халқ аст ва халқ - ин милитсия мебошад

25

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи кории худ ҷиҳати амалигардии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия» дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аҳолии фаъоли ноҳия ва кормондони милитсия доир ба ислоҳоти милитсия ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ ва кормандони милитсия дастурамалу варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар доир ба нақшаву дурнамо ва фаъолияти Шӯро изҳори андеша намуда зикр дошт, ки ислоҳот ба он равона гардидааст, ки дар шуури ҷомеа симои иҷтимоии куллан нави корманди милитсияе, ки аз амалҳои коррупсионӣ холӣ буда, ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон мебошад, ташаккул дода шавад. Вазифаи асосии милитсия дар ҷойҳо бояд таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон дар ҷомеа, ҳимояи манфиатҳо бо назардошти чашмдоштҳои онҳо аз кори милитсия бошад.

26

Аъзои Шӯро, ҳуқуқшинос Нарзуллохон Ахмедов дар баромади худ таъкид дошт, ки баланд бардоштан ва рушди тавонмандии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рафти амалисозии ислоҳоти милитсия ва ҳифзи иҷтимоии кормандони милитсия аз самтҳои асосии ислоҳот ба шумор мераванд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи ҷадвал баргузор карда мешаванд.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика