Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон нерӯи ояндасози миллатанд

02

Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён мулоқоти судманд доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони Хадамоти пешгирии ҳукуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилояти Хатлон, кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар, намояндагони ҲХДТ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Прокуратураи шаҳри Бохтар ва намояндагони гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.

03

Сардори шуъбачаи пешгирии ҳукуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон подполковники милитсия Раҳимзода Файзмуҳаммад оид ба нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуд.
Мавсуф қайд кард, ки ҷавонон имрӯз як қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллат ба шумор мераванд, ки ҷомеа такя ва эътимоди зиёде ба ин қишр дорад ва мақсади вохӯрии намояндагони мақомотҳои марбута пешгирии кирдорҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ байни ҷавонон мебошад.
Муфаттиши калони Прокуратураи шаҳри Бохтар Ҷабборзода Алишер ба сухан баромада иброз дошт, ки созмон ва ҳаракатҳое, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ аст то ба имрӯз кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба тарафдории худ даъват карда ба амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Моро дар якҷоягӣ мебояд дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ҷомеа ва рафъи онҳо талошҳо варзем, то қонуншиканиҳову ҷинояткорӣ фазои кишвари соҳибистиқлоламонро доғдор нанамояд.

0504

Омӯзгорону донишҷуён ба музокира баромада, оиди камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли онҳо суханронӣ намуданд. Инчунин иштирокдорони вохӯрӣ қайд намуданд, ки мунтазам баргузор кардани чунин вохӯриҳо иқдоми нек буда, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни донишҷӯён метавонад натиҷаҳои хуб диҳанд.
Вохӯрӣ дар як фазои озод, самимӣ ва ошкорбаёнӣ баргузор гардид.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика