Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи сардори минтақаи хизматӣ дар назди аҳолӣ

33

Рӯзи 29-уми январ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии таҳлилӣ оид ба фаъолияти нозирони минтақавии минтақаи хизматии маъмурии №1-и ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид. 

Дар он муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Сафаралӣ Тағойзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ полковники милитсия Икромҷон Назарзода, муовини Раиси ноҳияи мазкур Мавҷуда Табарӣ, раисони маҳалла, эмомхатибон ва фаъолону сокинони ин минтақаи хизматӣ иштирок намуданд.

32

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1291 аз 30 июни соли 2012 "Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" ҳисоботи сардори минтақаи хизматии маъмурии №1 майори милитсия Амирхон Одиназода шунида шуд.
Номбурда иброз дошт, ки принсипҳои фаъолияти нозирони минтақавии милитсия алоқаи доимӣ доштан бо аҳолӣ, риояи қонуният, ошкорбаёнӣ дар кор, садоқат ва вафодор будан ба қарзи хизматӣ, адолату инсондӯстӣ ва баробарии ҳама дар назди қонун мебошад.
- Дар минтақаи хизматии маъмурии №1-ум 4 нозири минтақавӣ ба 32 ҳазор аҳолии 10 маҳалла хизмат мерасонанд ва нозирони минтақавӣ ҳамкориро бо ташкилот, корхона ва идораҳои давлатӣ дуруст ба роҳ мондаанд, - афзуд ӯ.
Дар соли 2018 бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди минтақа 5 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин ба тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат намуда, сабаби кам шудани сатҳи ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғону ҷавонон дар минтақаи хизматӣ гардид.
Ҳамчунин, баромадкунанда вобаста ба вазъи криминогении минтақаи хизматии №1 иброз намуд, ки дар ин минтақаи хизматӣ дар соли 2018 аз тарафи нозиронони минтақавӣ 52 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 50-тои онҳо кушода шуда, оид ба 2 ҷинояти дигар корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҳайати шахсии минтақаи хизматӣ нисбати 590 нафар шаҳрвандон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

34

Дар идомаи вохӯрӣ муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ зикр намуд, ки «мақсад аз ҷамъ омадани мо, пеш аз ҳама, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта мебошад. Мо бояд баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи қонуният тамоми кӯшишҳоро равона намоем».
Мавсуф, инчунин дар бораи таълиму тарбияи насли наврас суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «мо бояд ҳамеша ба чӣ кор машғул шудани фарзандонамонро назорат намоем, зеро имрӯз замоне расидааст, ки «аз тарафи нафарони дигар фарзандони мо гумроҳ гардида, даст ба содир намудани ҷиноятҳои басо нангин мезананд. Нозирони минтақавии милитсия нафароне ҳастанд, ки оромии ҷомеаро таъмин менамоянд ва баҳри пешгирии қонуншиканиҳо миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд».
Тавре ӯ илова намуд, бояд баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баста, ҷиҳати риояи қонунҳои амалкунанда талош намоем.
Мавриди зикр аст, ки ин вохӯрӣ дар доираи ислоҳоти милитсия сурат гирифта, мақсади асосии он тақвияти ҳамкориҳо бо аҳолӣ мебошад.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика