Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Душанбе

409

Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини волоияти қонун бидуни ҳамкории зичи аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ғайриимкон буда, танҳо дар ҳамбастагӣ метавон осоиштагиву сулҳу субот ва оромиву тартибот дар ҷомеа таъмин гардад. Маҳз бо дар назардошти гуфтаҳои боло, дар заминаи ислоҳоти милитсия роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт пайваста чорабиниҳои дахлдор ва суҳбату вохуриҳоро бо фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ ташкил ва баргузор намуда истодааст.

410

Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ вохурии навбатии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо раисони кумитаҳои маҳал ва шаҳраку минтақаҳои хизматӣ дар маҷлисгоҳи Раёсат баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҳамаи 116 раисони кумитаи маҳаллаҳои пойтахт, роҳбарони КВД «Хоҷагии манзилию коммунали»-и шаҳри Душанбе ва ҳамаи 29 нафар сардорони Минтақаҳои маъмурии хизматии Шуъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар оғози чорабинӣ, нахуст зимни суханронии худ роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт аз сатҳи содиршавии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ дар пойтахт давоми соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта бо овардани факту рақамҳои дақиқ ва нишон додани маҳаллаҳои осебпазир ва нақши раисону кумитаҳои маҳаллаҳо дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Номбурда иброз дошт, ки кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон новобаста аз вазъи боду ҳаво ҳамеша пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар ин замина аҳли ҷомеа, раисону масъулони кумитаи маҳаллаҳо низ ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб масъулият ҳис намуда, пайваста дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия бошанд.

411

Метавон гуфт, ки давоми соли ҷорӣ ҷиҳати иҷроиши Қарори махсуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисону фаъолони кумитаи маҳаллаҳо дар тамоми ҳудуди пойтахт амалиёти маърифативу профилактикии “ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ” роҳандозӣ карда шуд, ки дар ҷараёни он гурӯҳҳои корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар ин замина зикр намуд, ки маҳз дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ падидаҳои ба фарҳангу маданият ва маърифати волои миллати тоҷик доғоваранда, аз ҷумла оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботҳои санитарию гигиенӣ зимни ба фуруш баровардани маҳсулоти хурока, овезон намудани либос дар пештоқи (балкон) биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо дар доираи амалиёти “Одоби шаҳрнишинӣ” бартараф карда шуда, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ боз ҳам ҷоннок карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки яке аз масъалаҳои изтиробангезе, ки имрӯзҳо на танҳо мақомоти корҳои дохилӣ балки тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин даст задани ҷавонон ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқиву ҷиноятӣ, махсусан авбошӣ ва задухурдҳои гурӯҳӣ мебошанд, ки Шариф Назарзода дар баромади худ аз сабабу омилҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирию бартарафсозии он ва нақши фаъолону нафарони бонуфузи ҷомеа ҷиҳати пешгирии ин падидаи номатлуб таъкид намуд.

412413

Аз ин лиҳоз махсусан хотирнишон намудан ба маврид аст, ки дар аксар маврид маҳз бетарафии водидайн ва атрофиён ба амалу кирдорҳои ғайриахлоқии як нафар ҷавон ба содир намудани амалу кирдорҳои зидиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок оварда мерасонад.
Дар мулоқот аз ҳар як шаҳрванд махсусан он нафароне, ки дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъуланд, тақозо карда шуд, ки ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои зикргардида пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар ҷараёни маърӯзаи пурмуҳтавои худ сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчунин аз вазъи содирнамоии ҷиноят дар байни ноболиғон изҳори нигоронӣ намуда, афзуд, ки вазъи содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва иҷро нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамоно ташвишовар боқӣ монда, аз ҳар як нафари дар тарбияи ноболиғону ҷавонон масъул хоҳиш карда мешавад ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани насли ҷавон фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд, зеро маҳз ҷавони бо илму маърифат метавонад номбардори падару модар ва таъминкунандаи ояандаи дурахшони давлату миллат бошад.
Масъалаи дигари ҳалталаб, ки дар ҷараёни мулоқот ва зимни суханронии сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода баррасӣ гардид, ин таҳқими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, паст намудани шиддатнокии вазъи ҷинояткорӣ дар доираи оила ва муносибатҳои хешовандӣ буд.
Дар ҷараёни мулоқоти мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт аз сатҳи ҳамкориҳои раисони маҳалаҳову аҳли ҷомеа ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартибот бо кормандони мақомоти милитсияи пойтахт изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ ба 20 нафар раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷомеа барои ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия бо медали “Барои ҳамкорӣ”-и ВКД, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон раисони маҳаллаҳо, низ суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳамкорӣ ва робитаи зичи аҳли ҷомеа бо мақомоти милитсия як қатор пешниҳодҳо намуданд, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт хуб пазируфта шуданд.
Дар хотимаи мулоқот зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика