Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки собиқадорони милитсия дар чорабиниҳо ва сипосмандии онҳо ба роҳбарияти ВКД

158

Бо таклифи роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят дар чорабиниҳои расмӣ ва фарҳангии ташкилнамудаи Раёсат иштирок намуданд. Чунин иқдом собиқадорони соҳаро рӯҳбаланд намуд. Зимни чорабинии расмӣ 10 нафари онҳо барои саҳми арзанда дар тарбияи насли ҷавони милитсия бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

159169

Дар маҳфили фарҳангӣ барои доираи васеъи собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд имконият фароҳам оварда шуд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони феълии мақомот Истиқлолияти давлатиро бошукӯҳ таҷлил намоянд. Фазои идона ва дидорбинӣ бо ҳампешагон собиқадоронро хушҳол намуда, барои чунин иқдом ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд миннатдорӣ намуданд.
Дар умум кормандони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳтирому самимияти беандоза таҷлил намуданд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика