Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Як зумра милитсионерзанҳо бо туҳфаи Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ шуданд

307

Рӯзи 27-уми июли соли 2018 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд зимни машғулияти хизматӣ барои хизмати софдилона ва содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии кишвару шаҳрвандон, волоияти қонун, пешгирии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ 35 нафар корманд-занони дастгоҳи марказии Раёсати мазкур дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарфароз гардонида шуданд. 

308

Таваҷҷуҳ ва қадршиносии роҳбари вилоят нисбати милитсионерзанҳо барои масъулиятшиносӣ, иҷрои намунавии уҳдадории касбӣ зимни таҷлили иди Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ аст, ки онҳо барои хизмат сафарбар шуданд.
Сипосу миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба самъи бонувони матинирода расонида, таъкид дошт, ки занони мақомоти милитсия бо иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро таровату зебоӣ мебахшанд ва месазад, ки ба заҳмати онҳо арҷ гузошта шавад.
Чунин қадршиносӣ кормандзанони милитсияро рӯҳбаланд намуд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика