Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо мактаббачагон дар ноҳияи Рӯдакӣ

237

10 майи соли 2018 кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон чорабинии пешгирикунанда доир намуданд. Дар ҷамъомад намояндагони ВКД, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», аҳли ҷамоатчигӣ, хонандагон ва омӯзгорони муассисаи номбурда иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти муассисаи таълимӣ суханронӣ намуда, ибтикори роҳбарияти ВКД ҷиҳати пайваста доир намудани сӯҳбату вохӯриҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимиро ташаббуси саривақтӣ барои пешгирии амалҳои номатлуб хонд.
Сардори бахши Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ подполковники милитсия Раҷабзода Мансур Ҳасан зимни суханронӣ сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар қонуншиканиҳоро, ки аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдаки содир гардидааст, шарҳ дода, сабаб ва омилҳои онро баён намуд. Номбурда афзуд, ки робитаву ҳамкории волидайни хонандагон бо мақомоти милитсия имрӯз бештар ба назар мерасад. Маҳз чунин робитаву наздик будан ба аҳолӣ метавонад пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиро бигирад.

238239

Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро мавриди баррасӣ карор дода, бандҳои алоҳидаи онро шарҳ доданд.
Ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар навбати худ суханронӣ намуда, бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба ҳамсолони хеш оқибатхои нохуши даст задан ба ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиқонуниро фаҳмониданд.
Абдулло Шоҳиён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика