Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд…

224

Хотираи неки қаҳрамонони Ҷанги бузурги Ватанӣ то абад дар ёдҳо боқӣ мемонад ва таҷлили ин санаи таърихӣ таҳти шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» 73 сол мешавад, ки ба ҳукми анъана даромадааст.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати солгарди навбатии Ғалаба ва арҷгузорӣ ба мардонагию диловарии фарзандони содиқи Ватан бо иштироки собиқадорони соҳа чорабинии тантанавӣ доир намуданд. Саҳни бинои Раёсат ҳамчун муҳити солҳои ҷанг ороста шуда, техникаю муҳимоти ҷангӣ, воситаҳои алоқа, хаймаҳои ҷанговарон аз воқеияти таърихии он солҳо қисса менамуд. Дар ҷамъомад як нафар иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, собиқадори милитсия Абдувалӣ Қаюмови 94 сола, сокини шаҳри Исфара иштирок доштанд. Номбурда аз шумори он нафароне мебошад, ки баъди бозгашт аз ҷабҳаи ҷанг сарнавишташ ба мақомоти корҳои дохилӣ пайваста солиёни зиёд дар сафи ниҳоди мазкур содиқона хизмат кардааст.

226227228

Нахуст зери пояи лавҳаи ёдгории барқарорсозандагони сохти конститутсионӣ гулчамбар гузошта шуд. Роҳбарияти Раёсат, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва насли ҷавони милитсия бо гузоштани гулҳои тару тоза эҳтироми худро нисбати қаҳрамониҳои фарзандони содиқи Ватан изҳор доштанд. Сипас меҳмонони чорабинӣ ба ошхонаи сарбозони даврони ҷанг, ки дар саҳни бинои Раёсат омода шуда буд ташриф оварда тамъи хуроки ғалабаро чашиданд.
Маҳфили идонаро сардори мақомоти милитсияи вилоят генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо оғоз бахшида саҳми диловарони тоҷикистонӣ ва қаҳрамонии онҳоро дар қатори дигар халқиятҳои Шӯравӣ барои расидан ба пирӯзӣ аз болои ғосибони фашистӣ намунаи олии садоқат ба халқу Ватан маънидод кард ва таъкид дошт, ки пос доштани хотираи нек ва ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои ибратбахш, насли имрӯзро дар руҳияи Ватандӯстӣ тарбия мекунад.
Дар баробари хизматҳои шоёну шоистаи иштирокчиёни ҶБВ саҳми собиқадорони милитсия дар солҳои баъдиҷангӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ муҳим арзёбӣ гардид.

225

Собиқадори МКД полковники мустаъфии милитсия Шавкат Юлчиев ва корманди ҷавони мақомот лейтенанти калони милитсия Муҳаммад Ҳамдамов корнамоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро барои имрӯзиён ибратбахш гуфта, солгарди ғалабаи бузургро ба аҳли чорабини табрик намуданд.
Бахши фарҳангии чорабиниро намоиши театрикунонидашудаи эълони ҷанг, аз тарафи модарон гусели наваскарон ба ҷабҳа ва маърузаи И.В. Сталин вобаста ба даъвати шаҳрвандони шӯравӣ ҷиҳати дифои марзу буми давлат оғоз бахшид.

229

Чорабинии идона дар фазои хурсандибахш ҷараён гирифта фароғати иштирокчиёни маҳфилро ҳунармандон бо дастагули таронаҳои тараннумкунандаи ватандӯстӣ ва тинҷиву осудагӣ рангин намуд.
Тасмими дигари роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ба муносибати «Иди Ғалаба» ин расонидани кумаки моддӣ ба як нафар иштирокчии ҷанг ва собиқадорон буд, ки ҳар яки онҳо ҳавасманд карда шуданд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика