Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ

503

Рӯзи 8 майи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вохӯрии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо сокинони ноҳияи мазкур дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар, оқибатҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он» баргузор гардид.

506

504

Дар вохӯрӣ ҳамчунин узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, сардори Раёсати КДАМ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт полковник Муродов Умаралӣ Нуралиевич ва прокурори ноҳияи Рашт, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Талбакзода Шоҳин иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар ва оқибатҳои терроризму экстремизм мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ як қатор пешниҳодҳои муфид иброз гардид.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика