Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони ташаббускор

489

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо ташаббуси Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар соҳили дарёи Душанбеи пойтахт аксияи "Беҳдошти муҳити зист" баргузор гардид.

Иқдоми мазкур бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстию ягонагӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ гардид.
Зимни ин чорабинии муҳим курсантони Академия дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва донишҷӯёну кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД гирду атрофи дарёи Душанбе - аз мавзеи пули маҳаллаи 46-ум то маҳаллаи Гулбуттаро аз ҳар гуна ашёву ифлосиҳо тозаю озода намуданд.

490

Ёдовар мешавем, ки ба ин монанд чанд рӯз пеш низ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар якҷоягӣ бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард» шанбегии умумӣ гузаронида шуда буд. Дар ин шанбегӣ, ки беш аз 100 нафар донишҷӯёну кормандони милитсия иштирок намуданд, кӯчаи Соҳилӣ ва гирду атрофи дарёи Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт тозаю озода карда шуд.
Бояд гуфт, ба ин монанд, ҳар ҳафта кормандони ҷузъу томҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ба шанбегии умумӣ баромада, ба корҳои ободонию хуррамгардонии назди биноҳои маъмурию хизматӣ машғул мешаванд.
Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика