Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ

462

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар тасмим гирифтааст, ки вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирии амалҳои номатлуб - ҷиноятпешагӣ бо аҳолӣ, бахусус дар байни хонандагони таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам ба роҳ монад.

463

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагон ва омӯзгорони ин боргоҳи илм баргузор гардид.

464

Дар вохӯрии мазкур сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор баромад намуда зикр кард, ки танҳо дар якҷоягӣ бо ибтикору ҳамдилӣ метавонем ба ҳама гуна зӯроварию ҷиноятпешагӣ ғолиб оем. Вазифаи мову шумо ин аст, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифродгаро ва даст задани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем
Дилшод Холов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика