Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳмгузории кормандони милитсия дар ободонии Муассисаи давлатии маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб

192

Санаи 29-апрели соли равон кормандони Хадамоти пешгири ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» баҳри ободу зебогардонии гӯшаю канори Муассисаи давлатии маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ», воқеъ дар ноҳияи Варзоб шанбегӣ доир намуданд.

193194

Бо роҳбарии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода кормандони хадамот, курсантон ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» атрофи муаасисаи мазкурро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуданд. Ҳамчунин деворҳои атрофи бинои муассиса ранг карда шуд.
Чорабинии фарҳангие, ки аз ҷониби ҷавонони фаъол пешкаши кӯдакони маъюб гардонида шуд, ба иштирокчиён рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Дилшод ХОЛОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика