Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

187

Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо кормандони милитсия пайваста дар муассисаҳои олии кишвар чорабиниҳои мақсаднок ва сӯхбату вохӯриҳои судманд доир менамоянд. 

188

Чунин як вохӯрӣ ҳафтаи сипаришуда дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Хадамоти пешгири ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода Абусаттор, ҷавонони гурӯҳи «Авангард», донишҷӯён ва омӯзгорони ин боргоҳи илм баргузор гардид.
Дар доираи баргузории чорабинии мазкур диққати махсус дар самти пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, оворагардиву беҳудагардии наврасон ва иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» равона гардид.
Ректори донишкадаи мазкур Абдулхолиқзода Л.А бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас, сардори Хадамоти мазкур Фаттоҳзода А. сатҳи ҷинояткории байни ноболиғону ҷавононро шарҳ дода, изҳор дошт, ки танҳо дар ҳамкорӣ бо мактабу маориф ва муассисаҳои олии кишвар мо метавонем, пеши роҳи ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро бигирем.

189

Дар анҷоми чорабинӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ректори донишкада, устодон ва аъзоёни фаъоли гурӯҳи Авангард, ки дар ин муассисаи олӣ таҳсил мекунанд "Ифтихорномаи фахрӣ", "Сипоснома", "Раҳматнома" ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дилшод ХОЛОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика