Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКД ҳамеша ниёзмандонро дастгирӣ менамояд

 190

Дастгирии табақаи ниёзманд ва ҳамаҷониба кумак расонидан ба онҳо аз сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин замина, дар баробари тамоми мақомоту идораҳои давлатӣ Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ ба ин кору амали хайр даст мезананд. Бояд гуфт, ин иқдоми наҷиб ҳамеша дар мадди назари Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дошта, бо ин мақсад пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

191

Дар доираи чунин ташаббускориҳо, рӯзи 29-уми апрел, як гурӯҳ курсантони Академияи ВКД ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», зери роҳбаладии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Шарифзода Мирзо Сангинмурод ва раиси Шӯрои ҷавонони ин таълимгоҳи олии касбӣ лейтенанти калони милитсия Сафармуҳаммад Мардонов ба Муассисаи давлатии маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.
Дар доираи иқдоми мазкур, ки бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи бинои ин муассисаи давлатӣ, гузаронидани шанбегии дастаҷамъона, нарм намудани бехи гулу буттаҳо ва ниҳолҳои боғчаи муассиса ва тоза намудани дохили ҳуҷраҳои хоби таълимгирандагон анҷом гирифт, ҳамчунин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ намоиш дода шуд.
Дар интиҳои чорабинии мазкур маъмурият ва мураббиёну тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» барои ин ташаббуси хайрхоҳона ба роҳбарияти ВКД ва Академияи он изҳори миннатдорӣ намуданд.
У. ОЛИМ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика