Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми хотирмони ҷавонон

160

Шоми 26-уми апрел дар Маркази таълимии ВКД чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир гардид. Дар он як гурӯҳ ҷавонони бадахшонӣ, ки дар меҳмонии ҷавонони шаҳри Душанбе қарор доштанд, бо ҳамроҳии гурӯҳи «Авангард» иштирок намуданд.
Дар ин шом ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз бардоштҳояшон аз сафар ба пойтахти мамлакат нақл менамуданд. Ҳангоми баргузор гардидани ин чорабинӣ ҷавонон аз шавқ гоҳ мерақсиданду гоҳи дигар бо сурудхонӣ машғул мешуданд.
Тавре дар суҳбат яке аз ин ҷавонон Моҳбегим Одилбекова таассуроташро баён намуд: «Мо ҷавонон аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Вазири корҳои дохилӣ генерл-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, барои иқдомҳои наҷибашон, ки баҳри мо ҷавонон роҳандозӣ гардидааст, миннатдор ҳастем.
Бо ин восита дар байни мо дӯстию рафоқат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ зиёд мегардад. Хушҳолем, ки зимни сафари худ бо ҳамсолони худ аз манотиқи гуногуни кишвар ошноӣ пайдо кардем».

161

Ҳамчунин, ҷавонони бадахшонӣ аз бардоштҳояшон аз ин сафар қайд карданд, ки дар ин сафар, ки ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рост меояд, аз мавзеъҳои таърихии мамлакат ва як қатор иншооти замони муосир дидан кардем. Пас аз ин сафар метавонем дар байни ҳамсолони худ аз таасуроти хеш қисса намоем.
Бояд ёдовар шуд, ки сафари ҷавонони Бадахшон ба пойтахти кишварамон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифта, мақсад аз ин сафар, пеш аз ҳама дӯстию рафоқат миёни ҷавонон ва пойдории сулҳу субот ба ҳисоб меравад.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика