Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагон

393

Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамасола дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии кишвар хусусан пойтахти мамлакат вохӯриву сӯҳбатҳои судманд бо хонандагон, падару модар ва фаъолон доир мегарданд. Дар асоси нақша-чорабинии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуни дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Сино бо хонандагон, падару модарон чунин як вохӯрӣ доир гардид.

395

Дар ин вохӯрӣ сардори Хадамоти мазкур, полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор баромад намуда, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бори дигар таъкид намуд..
Ҳангоми сӯҳбат қайд гардид, ки иҷроиши қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештареро бояд бар дӯш гиранд. Маҳз тарбияи дуруст, бо илму дониш фаро гирифтани насли ояндасози миллат ва ба роҳи рост ҳидоят кардан метавонад онҳоро сари вақт аз роҳи хатову кирдорҳои бадахлоқона эмин дорад.

394

Таълиму тарбияи насли наврас яке аз вазифаҳои асосӣ ба шумор рафта, ҳар як волидайнро водор месозад, то назоратро аз болои онҳо пурзӯр намуда, ба фориғболӣ, ҳамроҳ нашудан ба ҳаргуна гурӯҳҳои тундраву ифротгаро, шабгардиву оворагардӣ, тамошои ҳар гуна филмҳои ғайриахлоқӣ, истифодабарии телефони мобилӣ дар дарсҳо, гирифтани таълимоти ғайриқонунии диннӣ, даст задан ба авбошиву нашъаҷаллобӣ ва амсоли он қатъиян роҳ надиҳанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар симои насли наврас ҳамагон пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Аз ин лиҳоз чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд бештар ба рох монда шавад, то ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, Ватандӯстиву инсонпарварӣ дар ниҳоди онҳо бедор гардад.
Дилшод Холов
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика