Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише…

373

Рӯзи 17-уми апрел дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Маҳмадалӣ Миралӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Носирзода Муқаддаси Носир ва муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҳукумати шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов бо омӯзгорону хонандагон ва волидон баргузор гардид.
Нахуст сардори ХПҲНҶ полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода дар бораи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон баромад намуда, зикр кард, ки давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ вобаста ба ин 25 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино мебошанд.
«Вазифаи ҳар як хонанда ин аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, саҳми арзандаи хешро дар пешрафти ин сарзамин гузорад. Бояд ҷавонону наврасон пайваста пайи омӯзиши илму маърифат буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, номбардори падару модар гарданд», - афзуд ӯ.
Ҳамчунин, мавсуф дар идомаи суханрониаш илова кард, ки имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат баҳри солимгардонии ҷомеа як қатор иншооти гуногуни варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки баҳри пешгирии ҷинояткорию оворагардии насли ҷавон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ тамоми шароитҳои замони муосир муҳаё гардидаанд.
А.Фаттозода зимни баромад, ҳамзамон дар бораи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори андеша намуда, зикр сохт, ки минбаъд низ баҳри тарбияи фарзандон тамоми чораҳои зарурӣ бояд андешида шаванд.

374

Дар ин вохӯрӣ, ҳамчунин масъулину намояндагони дигар идораҳои дахлдор низ баромадҳо карданд. Аз ҷумла, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Маҳмадалӣ Миралӣ доир ба таълиму тарбияи насли наврас ва рисолати омӯзгор андешаҳояшро баён намуд.
Сипас, дар бораи одобу ахлоқи наврасон изҳори андеша намуда, аз пешгирии муноқишаҳои байнимактаббачагон ёдовар шуд, ки ин масъала кормандони соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдорро ба ташвиш андохтааст. «Аз ин рӯ, аз тамоми волидон хоҳиш карда мешавад, ки баҳри пешгирии ин қонуншиканиҳо худро бетараф нагузошта, тамоми чораҳои заруриро барои тарбияи фарзандон андешанд ва нисбати тақдири фарзандонашон бетарафӣ зоҳир накунанд», - гуфт ӯ.
Зимни ин вохӯрӣ узви гурӯҳи «Авангард» Изатулло Музаффаров дар бораи шароитҳои муҳаёсохтаи давлат ва пос доштани арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки «мо бояд ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти давлат пайи аз худ намудани илму дониш шавем ва дар ин замина, барои аз худ намудани тарзи истифодаи техникаву технологияҳои замонавӣ кӯшиш намоем, зеро нафаре ки пайи омӯзиш мешавад, дар зиндагӣ ба муваффақиятҳо ноил мегардад».

Абдулло ШОҲИЁН,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика