Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоруғ: Ифтитоҳи ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

360

361Рӯзи 7-уми апрели соли 2018, дар шаҳри Хоруғ дар доираи ислоҳоти милитсия маросими кушодашавии ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи ШВКД дар шаҳри мазкур баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи ҳуҷраи мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, афсари миллии САҲА оид ба робитаҳои ҷамъиятӣ ва масъалаҳои ислоҳоти милитсия Маҳмадиев Ҳайдар Холович, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ майори милитсия Иззатшоев Шукурбек ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А. баромад намуда, зикр кард, ки бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 дар манотиқи гуногуни кишвар якчанд ҳуҷраҳои кории нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуданд, ки ҷиҳати муқовимат ба хушунат ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика