Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нигаронӣ аз тамоюли зиёдшавии ҷиноят миёни донишҷӯён ва баррасии роҳҳои пешгирии он

348

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз омилҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” силсилавохӯриҳоро дар донишкадаву донишгоҳҳои олии ҳудуди шаҳри Душанбе доир намуда истодааст.

Аз ҷумла, санаи 4-уми апрели соли равон вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо доираи васеи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст чорабинии мазкурро ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фақеров Ҳамидулло Нуриддинович оғоз бахшида, таъкид намуд, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озоди мақомоти корҳои дохилӣ бо устодону донишҷӯён баҳри таҳкими сулҳу субот ва тарғиби осоиштаҳолӣ бисёр муҳим буда, ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам мегузорад.

349

Баъдан сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ҷиҳати иҷрои талаботҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти№63 аз 30-юми январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе”, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва ҳамзамон даҳҳо масъалаҳои изтиробангезе, ки имрӯзҳо дар ҷомеа во мехӯранд бо овардани далелҳои дақиқ бо намоиши слайдҳо суханронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори мақомоти милитсияи пойтахт иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун маркази калонтарини таълимӣ ва илмӣ-таҷрибавии мамлакат, муассисаи асосии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои тиҷорат, молия ва иқтисод, менеҷмент ва маркетинг, андоз ва гумрук, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, ҷомеашиносӣ, забономӯзӣ ва даҳҳо дигар соҳаҳои иҷтимоии ҷомеаи имрӯза саҳми арзанда дорад.
Номбурда дар баромади хеш қайд намуд, ки айни ҳол 75 нафар хатмкардагони ин боргоҳи илм танҳо дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе кору фаъолият менамоянд.
Зимнан сардори мақомоти милитсияи пойтахт бо таассуф зикр намуд, ки имрӯз новобаста аз дастовардҳо ва саъю кӯшишу талошҳои доимии мардуми меҳнатқарини Ватани маҳбубамон баҳри зиндагии ободу осоишта, заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, далелҳои изтиробангези қонуншиканиву ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ ҷой доранд, ки обрӯю эътибори мардуми ба ору номуси тоҷикро коста мегардонад.

350

Номбурда зимни суханронии худ зикр намуд, ки ҷиноятсодиркунии донишҷӯён тамоюли зиёдшавӣ дошта, танҳо дар давраи 3 моҳи соли ҷорӣ дар 7 ҳолат донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Душанбе даст ба ҷинояткорӣ задаанд. Аз ҷумла зикр намуд, ки давоми соли 2017 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даст ба ҷиноят задаанд, ки обрӯ ва эътибори ин муассисаи олии кишварро коста мегардонад.
Содиршавии ҷиноят аз ҷониби ин қишри ҷомеа, ки мебояд бо донишу заковат ва амалу кирдори худ дар пешравию шукуфоии ҷомеа саҳмгузор бошанд, вале баръакс баъзе аз донишҷӯён талаботи қонунҳои амалкунандаро нодида гирифта, даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мезананд, ки ҷои нигаронист. Махсусан зикр гардид, ки содиршавии муноқиша ва авбошиҳои гуруҳӣ, ки дар заминаи бадбиниву бузургманишии баъзе аз нафарони дур аз маърифат содир шуда, оқибати он ба бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ оварда мерасонад, ҷавобгарии сангинеро дар назди қонун дар пай дорад.
Ҳамчунин Шариф Назарзода аз дастовардҳои илмии замони муосир ҳарф зада, иброз дошт, ки илму дониш бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст ва аз ҳар як нафар донишҷӯён тақозо карда мешавад, ки вақти пурқиммати худро сарфи амалу кирдорҳои ғайриқонуниву бесуд накарда, кӯшиш ба харҷ диҳанд то ба илму дониш ва маърифати худ номбардори падару модар ва сарзамини хеш бошанд.
Пас аз фарҷоми суханронӣ сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон як қатор донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич доранд дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ намуд. Аз ҷумла ба онҳо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.
Ҳамзамон ректори Донишгоҳи мазкур Ҳамидулло Фақеров барои баргузории чунин як вохӯрии судманд ба мақомоти милитсияи пойтахт изҳори минатдорӣ намуд. Аз ҷумла номбурда қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доимо омода аст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар манотиқи осебпазир бо шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо доир намоянд.

351

Дар ҷараёни вохӯрии мазкур ҳамчунин як қатор донишҷӯёни фаъоли донишгоҳи мазкур суханронӣ намуда, ба роҳбари мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе як қатор пешниҳоду саволҳо дода, ба он ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки танҳо дар ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ метавон пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок гирифта шавад.
Сироҷиддин Шукуров




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика