Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони «Авангард» дар ноҳияи Файзобод

334

Ҷавонон нерӯи созанда, пешбарандаи ғояҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат саҳмгузор мебошанд. Ояндаи ҳар як давлату миллат маҳз аз ин қишри ҷомеа вобастагии зич дошта, аз ҷониби роҳбарияти давлат пайваста ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Вобаста ба ин дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, роҳбарияти ВКД низ баҳри баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинии ҷавонон кӯшиш намуда, пайваста дар минтақаҳои гуногуни кишвар чорабиниву конференсияҳои мақсаднок бо иштироки ҷавонони фаъол доир менамоянд. 

333Рӯзи 4-уми апрели соли 2018, бо ташаббуси ВКД як гурӯҳ ҷавонони «Авангард» барои иштирок дар конференсия бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи ноҳияи Файзобод ҷавонони ноҳияи мазкур бо гулдастаҳои тару тоза ва садои карнайу сурнай аъзоёни гурӯҳи «Авангард»-ро истиқбол намуданд. Нахуст ҷавонон аз ҷойҳои таърихиву сайёҳии ноҳияи Файзобод дидан намуда, руҳу илҳоми тоза касб намуданд.
Дар назди Филармонияи халқии ноҳия дастранҷҳои ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки аз ҷониби мутасаддиён ба ҷавонон чигуна омода намудани онҳо фаҳмонида дода шуд. Ҳамчунин хӯрокҳои миллӣ аз қабили ҳафтсину ҳафтшин, ки рамзи Наврӯзи аҷам мебошад, ба намоиш гузошта шуда буд. Ҷавонони гурӯҳи «Авангард» бо ҳисси кунҷковӣ аз ҳунармандон тарзи омода намудани либосҳои миллӣ, табақу асбобҳои мусуқие, ки аз чӯб омода гардидаанд, пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас барои худ пайдо намуданд.
Конференсия бахшида ба инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва соли рушди сайёҳӣ дар Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод бо иштироки фаъолон, аҳли ҷамоатчигӣ, ҷавонони гурӯҳи «Авангард», намояндагони ВКД ва роҳбарияти ноҳия баргузор гардид.
Дар кори конференсия диққати махсус ба касбу ҳунаромӯзии ҷавонон равона гардида, зикр гардид, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин ташаббуси хирадмандона барои инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва тақвият бахшидани сайёҳӣ муҳим ва саривақӣ мебошад.
Раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ зимни суханронӣ иқдоми роҳбарияти ВКД-ро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба конференсияҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташаббуси шоиста хонда, баён дошт, ки ҷалби ҷавонон ба чунин чорабинихои судманд ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.

335

Ҳамчунин иброз дошт, ки чунин чорабиниҳо ба инкишофи ҷаҳонбиниву тафаккури ҷавонон саҳми арзандаи хешро мегузорад.
Сипас, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор вобаста ба сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, сабаб ва омилҳои онро шарҳ дода, изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниву конференсияҳо ҳарчӣ бештар кам намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ин насли ояндасози миллат мебошад. Номбурда вобаста ба таҳдиду хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем, наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, касбомӯзиву ҳунармандӣ тарбия намоем.
Намояндагони гурӯҳи «Авангард» низ дар навбати худ суханронӣ карда, бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва амнияту сарҷамъӣ ваъда намуданд, ки мо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, заррае бошад баҳри пешгирии ҳуқуқвайрокунӣ дар байни наврасону ҷавонон саҳми арзандаи хешро мегузорем.
Дар анҷоми чорабинӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Файзобод ва як қатор ҷавонони фаъол аз номи Вазири корхои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз бо иштироки раиси Шурои собиқадорон ва дигар намояндагони ВКД, аъзоёни гурӯҳи «Авангард» ва роҳбарияти ноҳия яке аз кӯчаҳои шаҳраки Файзобод ба номи собиқ корманди ВКД полковники милитсия Назрибеков Розиқбек номгузорӣ карда шуд. Собиқадорони мақомот аз кору фаъолият ва хизматҳои шоёни таҳсини Назрибеков Розиқбек ба некӣ ёдоварӣ намуданд. Зикр гардид, ки пос доштани хотири фарзандони содиқи Ватан амали хайру саховатмандӣ аст. Дар кӯчаи мазкур ҳамчунин бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва намояндагони ВКД майдончаи фароғативу варзишӣ барои наврасону ҷавонон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

337

Ҳамчунин барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия ва сарояндагони хушсадо доир карда шуд, ки аз тамошои он таъби ҳозирин болида гардид.
Абдуллозода Эҳсон
Шоҳиён Абдулло




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика