Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварат: «Нозири минтақавӣ - симои милитсия»

230

Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар ҷомеа ва тавсеи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» аз 30 июни соли 2012, №1291 як қатор нақша-чорабиниҳоро амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Метавон гуфт, ки бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумат сол то сол шароити хизматии на танҳо нозирони минтақавии милатсия, балки тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардидааст.
Вобаста ба баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар ҷомеа ва тарбияи ҳуқуқии кадрҳои ҷавон, семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзуи «Нозири минтақавӣ - симои милитсия» баргузор ва ҳамзамон аз фаъолияти 3-моҳаи нозирони минтақавии милитсияи ноҳияҳои шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд.

231

Нахуст Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон семинар-машварати омӯзиширо ифтитоҳ бахшида, ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №63 аз 30-юми январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ва натиҷаи фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа суханронӣ намуд. Ҳамзамон аз фаъолияти 3-моҳаи нозирони минтақавии милитсия натиҷагирӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки нозири минтақавиро мебояд ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон пайваста дар омӯзиш бошанд. Маҳз он нозири минтақавие метавонад тартиботи ҷамъиятиро дар минтақаи хизматияш таъмин намояд, ки дар баробари донишу малакаи баланди хизматӣ доштан, ҳамзамон ҳамкории густардаеро бо аҳолӣ ба роҳ монад.
Ҳамчунин дар идомаи баргузории семинар-машварати мазкур муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пулодӣ таъкид намуд, ки масъулияти нозири минтақавӣ танҳо ба баррасии арзу шикояти шаҳрвандон маҳдуд набуда, тамоми амалу рафторе, ки қонунгузорӣ онро ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят эътироф кардааст агар дар минтақаи маъмурӣ мушоҳида шавад, нозир ҳуқуқ дорад аз шаҳрвандон риояи онро талаб намуда, барои пешгирӣ ва рафъи он қарори қонунӣ қабул кунад.

232

Ҳотам Дадабойзода дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки имрӯз дар баробари пешравию тараққиёти илму техника нозирони минтақавии милитсияро низ мебояд ҳамқадами замона буда, пайваста аз паи омӯзиш ва такмили донишу малакаи хизматӣ бошанд. Зеро ягон бахши дигари мақомоти корҳои дохилӣ ба монанди нозирони минтақавӣ дорои уҳдадориҳои васеи вазифавӣ набуда, нозири минтақавӣ дар ҳудуди минтақаи маъмурии хизматӣ бояд тамоми самтҳои кориро вобаста ба таъмини қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, таъмини ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда, баррасии арзу шикоят, муноқишаҳои хонаводагӣ, бақайдгирӣ ва назорати оилаҳои носолим, ашхоси доғи судӣ дошта, нашъаманду майзада, ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии шаҳрвандон, муҳофизати моликияти давлатию ҷамъиятӣ ва даҳҳо дигар уҳдадориро бояд иҷро намояд.
Дар идомаи семинар-машварати омӯзишӣ муовинони сардори Шуъбаҳои корҳои дохилӣ оид ба самти хизмат суханронӣ намуда, аз рафти иҷрои дастуру супоришҳо ва вазъи оперативӣ-хизматии минтақаҳои маъмурии худ ҳисобот доданд.
Дар ҷараёни семинар-машварати омӯзишӣ ҳамзамон таъкид карда шуд, ки барои нозирони минтақавӣ донистани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти нозирони минтақавии милитсияро ба танзим медарорад, аз қабили Қонуни ҶТ “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ”, Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар ҷомеа ва тавсеи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», Фармони ВКД ҶТ “Дар бораи такмили фаъолияти нозирони минтақавии милитсия” зарур мебошанд. Дар баробари донистани мазмуну муҳтавои ин санадҳои ҳуқуқии раҳнамунсоз ба нозири минтақавӣ муҳим аст, ки баҳри иҷрои бо сифати уҳдадориҳо ва пешбурди фаъолияти хизматӣ, қонуну дастурамалҳои соҳавиро низ хуб донад.
Бо баргузории чунин як семинар–машварати омӯзишӣ нозирони минтақавии милитсия ба даҳҳо саволҳои худ ҷавоб ёфта, ҳамчунин камбудиҳои зимни баррасии арзу шикояти шаҳрвандон ба вуҷуд омадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур таъкид гардид, ки чун нозири минтақавӣ яке аз бахшҳои муҳимми мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад, дар баробари ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти корҳои дохилӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ беш аз пеш фаъолияти худро дучанд менамоянд.
Сироҷиддин Шукуров




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика