Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инкишофи ҳунарҳои мардумӣ пешрафти зиндагист!

160

Рушду инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафту шукуфоии кишвар мусоидат намуда, шароити зисту зиндагонии шаҳрвандон дар ин замина беҳтар мегардад. Бо ин мақсад бо ташаббуси роҳбарияти ВКД дар аксари шаҳру нохияҳои мамлакат бо иштироки ҷавонони гурӯҳи «Авангард» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардида истодааст. Дар шаҳри Роғун низ чунин чорабинии мақсаднок доир гардид.

Санаи 31марти соли равон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли «Авангард» барои иштирок дар конференсияи илмӣ назариявӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Гурӯҳи ҷавонони меҳмонро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун ҳамсолони хеш ва намояндагони шуъбаи фарҳанги шаҳри мазкур бо суруду мусуқӣ ва қироати шеърҳои ватанхоҳӣ пешвоз гирифтанд. Сараввал ҷавонон аз осорхонаи марказии шаҳр дидан намуда, ба мероси адабиву техникӣ ва олотҳои меҳнат, ки қарнҳо мерос мондааст, шинос шуданд.

161

Дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Роғун ҳамчунин натиҷаи заҳматҳои сокинони шаҳри мазкур, ҳунарҳои дастони онҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аз ҷониби ҳунармандон ба ҷавонон ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гулдӯзиву сабадбофӣ нишон дода шуд.
Сипас, бо иштироки фаъолони шаҳр, ҷавонони гурӯҳи «Авангард», роҳбарияти шаҳри Роғун ва намояндагони ВКД дар Қасри фарҳанги шаҳри мазкур конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.
Қайд гардид, ки боздиди ҷавонон аз ҳунарҳои дастии сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ба омӯхтани касбу ҳунархои нав мусоидат намуда, аз чунин имконот ҳар як ҷавони мамлакатро зарур аст, самаранок истифода карда, барои инкишофу равнақи ҳунарҳои мардумӣ талош намоянд.
Илова бар ин зикр гардид, ки сарзамини Тоҷикистон дорои мавзеҳои хуби сайёҳӣ ва таърихӣ буда, рӯз то рӯз сафи сайёҳони хориҷӣ дар кишвари мо афзуда истодааст.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ҷавонони фаъол ва роҳбарияти шахри Роғун Ифтихорномаву Сипоснома аз номи Вазири корхои дохилӣ тақдим карда шуд.

162163

Баъди анҷоми кори конференсия ҷавонони «Авангард» аз иншооти бузурги аср, сохтмони бузургтарин неругоҳи барқӣ-обии Роғун дидан карданд. Гурӯҳи ҷавононро сохтмончиён ба нақбу гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ шинос намуданд.
Ҷавонон баъди боздид аз сохтмони Роғун бо руҳияи болида ва саршор аз муҳаббат ба Ватан ба пойтахт баргаштанд.
Шоҳиён Абдулло
Дилшод Холов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика