Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба ҳифзи ҳуқуқи занҳо

141

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар доираи ислоҳоти милитсия амалҳои зиёде оид ба ҳифзи ҳуқуқи занҳо, фарогирии онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар оила амалӣ карда мешаванд, ки на танҳо қавииродагии сиёсӣ, захираҳои зиёд, амалҳои якҷоя, балки ақидаҳои хуб, дурнамоҳо ва барномаҳои самаранокро талаб мекунанд. 

Рӯзи 27-уми марти соли 2018, дар шаҳри Кӯлоб мизи муддавар дар мавзуи "Дастрасии занон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштироки онҳо дар таъмини бехатарӣ" баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомотҳои иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ШВКД ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” (Saferworld) ва аъзоёни “Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” иштирок намуданд.

142

Дар ҷараёни мизи мудаввар ва мубоҳисаҳои самаранок оиди мушкилоте, ки садди ривоҷи ҳамкории милитсия ва ҷомеа мешаванд, як қатор пешниҳодҳо коркард ва ироа гардиданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика