Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуш бош, ки ҳар рӯзи ту Наврӯзу баҳор аст…

290

Ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз дар ҳудуди Тоҷикистони хуррамзамин, ки ватани Наврӯз дониста мешавад, чорабиниҳои бошукӯҳи идона баргузор гардида истодааст. Ин ҷашни ниёгони хешро кормандони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дихилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо омодагии комил ва руҳияи баланди идона истиқбол намуданд. Ба ин муносибат субҳи 22 март саҳни бинои Раёсат чун шаҳраки Наврӯзи ороста шуда, кормадони мақомоти милитсия, фарзандони онҳо ва собиқадорони соҳа ҷашни Наврӯзи аҷамро бо фараҳмандии зиёд дар фазои идона ҷашн гирифтанд.

291

Садои карнаю сурнай, таому хуришҳои Наврӯзӣ, суфраҳои ҳафтсину, ҳафтшин, намоиши асбобу ускунаҳои қадима, ҳунарҳои мардумӣ ва даҳҳо дигар расму оинҳои хоси наврӯзиро ҳомиёни назму тартибот ончунон самими риоя намуданд, ки кас бо дидани идгоҳ эҳтироми ҳайати шахсӣ ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллиро ҳис мекард. Таомҳои миллӣ суманак, оши палав, оши бурида, дангича (шурбои калапоча) бо тамъу маззаи дилкаш омода гардида хони наврӯзиро зеб медоданд.
Чорабинии фарҳангӣ бо расонидани табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз тарафи сардори Раёсат генерал майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо оғоз ёфт. Гуфта шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни суннатию бостонӣ ва миллии мардуми ориёинаҷод, қабл аз ҳама тоҷикон, аз замонҳои хеле қадим миллатҳои гуногунро зери парчами озодандешию созандагӣ дӯстию рафоқат баҳам оварда, имрӯз низ идомадиҳандаи рисолати таърихии худ ва ифодагари орзӯю ормонҳои миллии тоҷикон мебошад.
Ба наврӯзгоҳи кормандони мақомоти милитсияи вилояти Суғд Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда дар якҷояги бо роҳбарияти Раёсат аз хаймаҳои наврӯзӣ, анъанаҳои миллӣ, хони густурдаи шуъбаву хадамотҳои дастгҳои марказии Раёсат дидан намуданд. Бо иҷрои расму оинҳо ва анъанаҳои Наврӯзӣ кормандони мақомоти милитсия бори дигар собит намуданд, ки мардуми соҳибтамадуни тоҷик аз қадим дорои фарҳанги баланд ва ҳунари воло буд.
Арҷгузори ба фарҳангу арзишҳои миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор рафта, бо баргузории чунин чорабиниҳои Наврӯзӣ, ки таърихи дирӯзу имрӯзро пайванд месозад, дар замири хурду бузург муҳаббат ба ин сарзаминро бештар менамояд.

292293

Соли 2018, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст ҳадафи баргузор намудани чорабинии фарҳангии кормандони милитсияи Суғд дар баробари арҷгузори ба расму оинҳои миллӣ дар амал тадбиқ намудани барномаҳои давлатӣ мебошад.
Илова бар ин, дар чорабинии наврӯзӣ як қатор мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили гуштини миллӣ, дастхобонӣ, хурусҷанг ва дигар расму оин, ки хоси Наврӯз аст сурат гирифт. Занону бонувон бо ба бар намудани либоси миллӣ аз баҳору Наврӯз, Тоҷикистони соҳибистиқлол таронаҳо замзама намуда, аз ин сарзамини ободу осуда шукргузори ба ҷо оварданд.
Зимни иштирок дар ин чорабини бошукӯҳи Наврӯзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони мақомоти милитсия суҳбат ороста, аз саҳми эшон дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартибот, тарбияи мутахассисон ва дар умум шукуфоии Тоҷикистон ёдовар гардид.
Баъди боздид аз шаҳраки Наврӯзии кормандони мақомоти милитсия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирини чорабиниро аз номи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуд. Ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода кормадони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаи пурмасъул ва пуршарафро бар душ дошта, дар иҷрои он пайваста кӯшишу талош намуда истодаанд. Маҳорати баланди касбии ҳайати шахсии мақомот аст, ки гиреҳи ҷиноятҳо боз гардида, дар натиҷаи ошкорёбӣ дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ пешгири карда мешаванд. Дар баробари саҳм гирифтан дар ҳифзи тартибот ва таъмини волоияти қонун кормандони мақомоти милитсия дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузоранд, изҳор дошт сарвари вилоят.
Хони наврӯзӣ ва иҷрои расму оинҳои ин ҷашни ниёгон, ки дар шаҳраки Наврӯзӣ ба назар мерасид, аз ҷониби роҳбари вилоят баҳои баланд дода шуда, ғолибони «Хаймаи беҳтарини Наврӯзӣ» бо туҳфаҳои молию пулии Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати ВКД-ии вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуданд.
Ҳамзамон ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи се зинаи ифтихорӣ туҳфаҳои пуливу молӣ супорида шуд.
Иштироки ҳофизони номвари кишвар ва иҷрои таронаҳои тараннумкунандаи дӯстиву рафоқат, тинҷиву осудагӣ ба ҷашни Наврӯзӣ шукӯҳи тоза бахшид. Дар умум кормандони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Наврӯзи оламафрӯзро бо фараҳмандии зиёд ва муҳаббати беандоза ба ин сарзамин таҷлил намуданд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика