Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти наврӯзӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

278

Бо назардошти аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар доираи таҷлили тантанаҳои идона бахшида ба фарорасии бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинаҷод – Наврӯзи хуҷастапай мулоқоти наврӯзии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ҳайати устодону донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур асосан ҷиҳати иҷрои талаботҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30.01.2018 сол “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар толори муассисаи номбурда баргузор гардид, ки дар он наздики 500 нафар донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён, ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард”-и ВКД ва устодони донишгоҳ иштирок намуданд.

279

Дар оғози мулоқот зикр гардид, ки дар асоси фармони мазкур дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабинии маърифативу профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” ташкил ва дар доираи ин амалиёт аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо намояндагони бахшу хадамотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби гуруҳҳои корӣ ҳамарӯза ҷиҳати дар байни аҳолӣ бурдани корҳои таблиғотӣ оид ба риояи талаботҳои Маромномаи сокини пойтахт, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии нашъамандӣ, муборизаи якҷояи мақомот бо аҳолӣ зидди ифротгароӣ ва аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи оромии ҷомеа сафарбар карда мешаванд.

280

Дар вохӯрӣ нахуст сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, иштирокдорони мулоқотро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ табрик намуд.
Сипас номбурда ҳамкории мутақобилаи маъумурият ва муҳассилини донишгоҳро бо мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ташкил ва баргузор намудани мулоқотҳо ва сӯҳбати ошкоро доир ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, нақши пурсамар гузоштан дар ташаккули ҷомеаи солим назаррас арзёбӣ намуд.

Мавсуф зимни суханрониаш ҳамчунин аз саҳми ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Олии кишвар ҳарф зад. Аз ҷумла зикр намуд, ки рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе ҳамасола боло рафта, дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи сокинонаш таи солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо муассисаҳои истеҳсолӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоӣ, маданиву маишӣ ва таълимӣ, варзишӣ ва ҳифзи саломатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ барои ҷавонон ва меҳмонони пойтахт қарор дода шуданд.

Шариф Назарзода дар баромади хеш доир ба фаъолияти таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ҳарф зада, мавқеи ин муассисаи олии кишварро дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат, ва кадрҳои соҳибтахассуси дорои дониш ва маҳорату малакаи баланди касбии соҳаи тандурустӣ нек арзёбӣ намуд. Бино ба иттилои номбурда айни ҳол беш аз 123 нафар хатмкардагони ин донишгоҳи бонуфузи кишвар дар вазифаҳои пурмасъул ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодаанд.

281

Сипас сардори мақомоти милитсияи пойтахт генерал-майори милитсия Шариф Назарзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон суханронӣ намуда, оид ба тақвияти гуфтаҳои хеш аз тасвир-слайдҳо истифода намуд. Зикр гардид, ки дар давраи соли 2017 ва 2 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе содиршавии 4482 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 1362 ададаш аз ҷониби 1301 нафар ҷавонон содир карда шудааст.

Аз масъалаҳои дигари ташвишовар ва ҳалталаб, ки дар мулоқот зикр гардид, ин таҳкими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон аст.

Пас аз фарҷоми суханронӣ сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон як қатор донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Синоро, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич доранд дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ намуд. Аз ҷумла ба онҳо Сипоснома ва дигар туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ баромад намуда, миннатдории ҳайати донишҷӯён ва устодони муассисаро ба роҳабарияти мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкории ҳамаҷониба иброз намуд.

282

Дар анҷоми мулоқот зикр карда шуд, ки баргузории чунин вохӯрӣ ва суҳбати озоду ошкоро ҷиҳати таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи мактаб, оила ва ҷомеа ба сифати таълиму тарбия дар шароити печидаву мураккаби вазъи ҷаҳони муосир, мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои муосир, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои хусусияти динӣ – экстремистӣ дошта, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон мусоидаткунанда, истифодаи ваколатҳои омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонон ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа дар бунёди муҳити оштинопазир нисбат ба амалу кирдорҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи хуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мусоидат хоҳанд намуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика