Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45-и ноҳияи Фирдавсӣ

128

Имрӯз (20.03.с.2018) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки хонандагони муассисаи мазкур, падару модарони онҳо, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ ва дигар намояндагони мақомоти дахлдор чорабинии мақсаднок ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили ҳуқуқвайрокуниву ҷиноятпешагӣ, риояи бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои марбута доир гардид.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки таърихи чандинҳазорсола дошта, арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷикро инъикос менамояд, табрик намуда, изҳор дошт, ки чорабинии мазкур баҳри пешгирии кирдорҳои ҷиноӣ, мусоидат кардан ба маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён равона гардидааст.

126127

Зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ бо ибтикору ҳамдилӣ метавонем ҳама гуна ҷиноятпешагӣ, ҳуқуқвайронкуниву амалҳои ношоистаро дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ намоем.
Дар идомаи чорабинӣ хонандагони муассисаи мазкур ба намояндагони ВКД ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳо кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдор чунин чорабиниҳои мақсаднок пайваста доир мегардад.
Абдулло Шоҳиён
Дилшод Холов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика