Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ

272

Санаи 16-уми март дар бинои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии (ХШБ) Вазорати корҳои дохилӣ семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба таҳияи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ, ивази ному насаб аз рӯи анъанаҳои миллӣ, тартиб додани парвандаҳои маъмурӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ, баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ ва дигар самтҳои фаъолияти бахшҳои ХШБ ҳангоми корбарӣ доир гардид.

Ин семинар баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани тахассуси кории кормандони соҳа равона гардида буд. Дар он сардорони бахшҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру навоҳии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва мутахассисон иштирок намуданд.

273

Қабл аз оғози чорабинӣ сардори ХШБ полковники милитсия Юнус Бобозода Назар бо сардорони бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ вохӯрӣ намуда, зикр кард, ки барои ҳар як корманди бахши шиносномавию бақайдгирии ВКД волоияти қонун, ошкору пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, иҷроиши Фармони №1-и Вазорати корҳои дохилӣ "Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон" дар мадди аввал меистад.
- Ба масъалаи ҳуҷҷатгузориву хизматрасонии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, аз кормандони худ тарзи дурусти корбариро қатъӣ талаб намоед. Саъй кунед, ба шаҳрвандон ҳарчи бештар кӯмак расонед, бо онҳо рафтору муносибати хуб намоед, то ки аз фаъолияти мо - кормандони бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ қаноатманд бошанд, - афзуд ӯ.
Инчунин, Юнус Бобозода Назар оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар баъзе бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ, таҷҳизонидан бо дастгоҳҳои муосири корбарӣ ва фароҳам сохтани шароити кориву маишӣ барои кормандон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар ва саъю кӯшишҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз кулли биноҳои маъмурии бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ аз таъмир бароварда шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосири корбарӣ таъмин мебошанд. Илова бар ин, дар манотиқи ҷумҳурӣ чандин бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо бинои наву замонавӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамаи ин баҳри дар сатҳи баланд ба аҳолӣ хизмат расонидан ва рафъи мушкилоти онҳо мусоидат менамоянд.
Сипас, семинари омӯзишӣ доир гардид, ки онро бо сухани ифтитоҳӣ сардори шуъбаи таҳлилӣ-нозиротии ХШБ подполковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуда, мақсади баргузор намудани ин чорабиниро, воқиф намудани кормандони соҳа аз тарзи ҳуҷҷатгузориву баррасии парвандаҳои маъмурӣ, вазъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июни соли 2014 "Дар бораи тасдиқи қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар самтҳои алоқаманд ба бахшҳои шиносномавӣ арзёбӣ намуд.
Дар семинари омӯзишӣ сардори шуъбаи амалияи маъмурии Раёсати таҳқиқи ВКД подполковники милитсия А.Каримзода дар мавзӯи "Тартиби оғоз намудани парвандаҳои маъмурӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон", мутахассиси мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур Нисо Ҷумахонзода дар мавзӯи "Ивази ному насаб аз рӯйи анъанаҳои миллӣ", мутахассиси Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Садриддин Комрон дар мавзӯи "Таҳияи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ", муовини сардори ХШБ полковники милитсия Нуралӣ Сафаров дар бораи "Вазъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", муовини сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД подполковники милитсия Алишер Рабиев оид ба "Пешниҳоду баррасии ҳуҷҷатҳои самти фаъолият", сардори шуъбаи кор бо шиносномадиҳии ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода дар самти парвандаҳои кофтуковӣ нисбати шахсони аз алимент саркашикунанда, сардори шуъбачаи шаҳрвандии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони ХШБ подполковники милитсия Саидхӯҷа Давлатзода вобаста ба пешниҳоду мавриди корбарӣ қарор додани масъалаҳои тасдиқи шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мутахассисон оид ба масъалаҳои дахлдор баромад намуданд.

274

Тавре дар ин ҷамъомад изҳори умедворӣ карда шуд, семинари мазкур баҳри пешрафти кор дар сохторҳои поёнии ХШБ нигаронида шуда, баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматии кормандони воҳидҳои поёнӣ ва дар ҳамкории зич қарор доштан бо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва Раёсати таҳқиқи ВКД тақвият хоҳад бахшид.
Раҷаббек ИЛЁСОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика