Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарғиби одоби шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд

270

Дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби фаъолон ва раисони гузару маҳаллаҳо барои бо рӯҳияи болидаву мунаввар таҷлил намудани иди аҷдодии тоҷикон «Наврӯз» чорабиниҳои тарғиботӣ пурзӯр гардид. Чорабиниҳои маърифатӣ таҳти роҳбаладии кормандони мақомоти милитсия аз 1 –уми март инҷониб гузаронида шуда истодааст.
Ташаббускори ин лоиҳа шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд буда, одоби шаҳрнишинӣ, равнақ бахшидани корҳои ободонию сабзазоркунӣ дастаҷамъона таҳти шиори «Шаҳрамонро обод месозем» доир карда шуд.
Ҳафтае як маротиба аъзоёни гурӯҳи корӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД аз натиҷаи корбарӣ ҳисобот дода, мушкилиҳои дар гузару маҳаллаҳо ҷой доштаро баррасӣ менамоянд.
Дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ бахусус «Наврӯз» таваҷҷуҳ намудан ба тозагии муҳити зист аз анъанаҳои ин ҷашни ниёгон аст. Ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъона дар тамоми гузару маҳаллаҳои Хуҷанд гузаронида шуда, феълан гурӯҳҳои корӣ бобати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ дар баландошёнаҳо дастур гирифтаанд.

271

Сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода дар ҷаласаи навбатӣ изҳор дошт, ки дар пештоқи айвону тирезаи биноҳои дар қади роҳи нақлиётгард ҷойгир буда, овехтани либос, назди баландошёнаҳо худсарона сохтани тануру оташдон ҳусни шаҳрро коста гардонида меъёри шаҳрнишинӣ риоя намешавад. Роҳбарияти шуъбаи милитсия бо қаноатмандӣ аз фаъолияти сафарбаршудагон қайд кард, ки танҳо дар заминаи ҳамкории якҷоя мо метавонем бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳангоми зарурият бо таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ ин камбудиҳоро бартараф созем.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои ҳар як аъзои гурӯҳи корӣ баҳогузори гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти самаранок қадршиносӣ карда мешавад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика