Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон макони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

252

Имрӯз (16.03.с.2018), дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе озмуни истеъдод ва ҳунарҳои хонандагон бо номи «Макони сайёҳӣ ва ҳунармандӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар ҳамбастагӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

253

Директори Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе Рухшона Ҳотамшоевна бо сухани муқаддимавӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ба меҳмонон ҷиҳати ташкили чунин ҷамъомад, ки ба инкишофи ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ-касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулшавон Раҷабалӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иқдоми созанда ва саривақтист, зеро кишвари мо сарзаминест, ки дорои табиати нотакрор ва маконҳои туризму сайёҳӣ аст.
Зикр гардид, ки вазифаи ҳар кадоми мо ҷалби сайёҳон ба ин кишвари биҳиштосо ва муррифии маконҳои таърихӣ ва фарҳангу тамаддуни волои халқи тоҷик ба ҳар як сайёҳи хориҷӣ мебошад.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор касбомӯзон ва роҳбарияти Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанберо бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, изҳор дошт, ки Наврӯз беҳтарин рамзи таблиғи ҳунарҳои мардумӣ аст, зеро дар рӯзҳои наврӯзӣ халқи тоҷик ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузошта, хурокҳои миллӣ аз қабили суманак, ҳафт сину ҳафт шинро ба таври дастҷамъона омода менамоянд.
Касбомӯзон ба иштирокчиёни озмун ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани хӯрокҳои миллиро ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳамчунин аз ҷониби хонандагони Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе фалаксароӣ, рақсҳои миллӣ, қироати шеърҳо дар васфи Ватан доир карда шуд.
Намояндагони ВКД ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунари касбомӯзон баҳои баланд доданд.

257

Дар анҷоми чорабинӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба директори Литсей ва касбомӯзони фаъол Ифтихорномаву Сипоснома тақдим карда шуд.
Абдулло Шоев, Дилшод Холов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика