Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Шаҳринав

232

Ҷавонон нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи халқу Ватан барои дар амал татбиқ намудани ҳадафхои созандаи давлат ба ҳисоб мераванд. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷӯҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. 

233

ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамеша дар рафти фаъолияти худ кушиш мекунад, ки ҷомеа бахусус ҷавононро ба рoҳи созандагию бунёдкорӣ, ҳамдиливу ягонагӣ бибарад. Бо ин мақсад бо ташаббуси роҳбарияти ВКД имрӯз (12.03.2018с.) аъзоёни гурӯҳи «Авангард» барои иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд. Дар даромадгохи ноҳияи Шаҳринав ҷавонони фаъолро ҳамсолони хеш бо самимияти беандоза, рақсу мусиқӣ ва нону намак пешвоз гирифтанд.
Сараввал аъзоёни гурӯҳи «Авангард» аз Осорхонаи ноҳияи Шаҳринав дидан намуда, аз осори гузаштагон ва ҳунарҳои мардумӣ, либосу дастдӯзиҳои сокинони Шаҳринав боздид ба амал оварда, барои худ маълумот пайдо намуданд.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маҷлисгоҳи ҳукуматии ноҳияи Шаҳринав бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ВКД, аъзоёни гуруҳи «Авангард» ва ҷавонони фаъоли ноҳияи мазкур баргузор гардид.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳукуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон кардани соли 2018 ҳамчун соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро фоли нек хонда, изҳор дошт, ки чунин ибтикор барои инкишофу рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули сайёҳӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин номбурда сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, сабаб ва омилҳои онро шарҳ дода, изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниву конференсияҳо ҳарчӣ бештар кам намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ин насли ояндасози миллат, робитаву дӯстии байни ҷавонро қавӣ ва устувор гардонидан аст.

234

Роҳбарияти ноҳияи Шаҳринав иқдоми роҳбарияти ВКД-ро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба конференсияҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташаббуси шоиста хонда, баён дошт, ки ҷалби ҷавонон ба чунин чорабиниҳои судманд ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.
Ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар навбати худ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки мо ҷавонон пайравони Пешвои миллат буда, ташаббусҳои созандаи Президенти кишварро ҳамеша сармашқи кори худ қарор медиҳем.
Дар анҷоми чорабинӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба як қатор ҷавонони фаъол Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Абдулло Шоев, нозири гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика